Пайвандҳои дастрасӣ

Шумораи модарону занони аламдор имсол дар Тоҷикистон зиёдтар шуд. Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар Тоҷикистон фақат дар панҷ моҳи аввали соли равон 196 хонаводаро сабт намудааст, ки яке аз азизонашро гум кардаанд. Ба қавли онҳо, аксари ин афрод дар Русия беному нишон шудаанд.

Дар бораи фарзанду шавҳарашон мегӯянд. Мешинему ҳар кас алами худро баён мекунад. Кадом вақте ки хабар карданд, меравам. Камтар ғубори дилам мебарояд

Бо гузашти зиёда аз 20 сол ҳанӯз ҳам доғи фарзанд аз дили Фазила Юсуфова, сокини шаҳри Душанбе, тоза нашудааст. Ҳанӯз ҳам барои писараш месӯзад. Ин зан дар айни ҷанги дохилии Тоҷикистон фарзанди 20-солаашро гум кард. “Ба додам ҳеҷ кас нарасид. Бачаи ман, ки якуним сол хидмати сарбозӣ карда буд, аз ҷойи хобаш гирифта рафтанд”, - афзуд ӯ.

Ин сокини 72-солаи пойтахт ҳарчанд 6 фарзанд дорад, ҳанӯз аз фироқи писари гумкардааш месӯзад ва пайваста ин байтро такрор мекунад:

“Эй бачаи ҷон, лаби дарё шавӣ чӣ

Монад(а)и моҳи нав пайдо шавӣ чӣ.”

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Фазила Юсуфова танҳо зане нест, ки солҳост аз фироқи фарзанд ашк мерезад. Ӯ дар Тоҷикистон садҳо ҳамтақдир дорад. Ҳоло ӯву даҳҳо модари дигар, ки фарзандонашон бенишон шудаанд, бо мусоидати Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх ҷамъ меоянд ва ба ҳам дарди дил мекунанд. Тарҳи кумаки равонӣ ба наздикони бенишоншудагонро Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва созмони “Гулрухсор” дар вилояти Суғд амалӣ мекунанд.

  • “Бачаи хуб буд. Дар шонздаҳсолагиаш дар ҷангҳо бедарак гардид”
  • “Аз замони рафтанаш даҳ сол шуд. Ҳатто хабараш нест”
Зулфия Нуралиева
Зулфия Нуралиева

Зулфия Нуралиева, танзимгари барномаи эҷоди робитаҳои оилавӣ дар Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон мегӯяд, ин барнома ба афроде ёрӣ мекунад, ки шахсони наздикашонро ҳангоми муноқишаҳои мусаллаҳона, офатҳои табиӣ ва ё дар муҳоҷират гум кардаанд.

Нуралиева гуфт, “шаҳрвандони бенишоншудае ҳастанд, ки тақдирашон бо муҳоҷирати меҳнатӣ вобаста аст. Баъзеҳо муноқишаи оилавӣ карда баромад мераванд ва дигар намехоҳанд суроғаашнрно ба касе бигӯянд. Бархеи дигар ба зиндон меафтанд. Гурӯҳе аз кадом сабаб аст, ки аслан намехоҳанд бо хонаводаашон тамос бигиранд”.

Достони заноне, ки яке аз азизонашонро гум кардаанд, гуногун аст. Якеро ғами фарзанд ва дигареро шавҳари гумшуда ба маҳфили Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон бурдааст.

Фазила Юсуфова
Фазила Юсуфова

Фазила Юсуфова аз фарзандаш дигар умед надорад. Дигарон баръакс чашм ба роҳанд, ки рӯзе азизашон меояд. Ягоне чизе, ки дарди фироқи онҳоро андаке таскин медиҳад, моҳе як ё ду дафъа ҷамъ омадан ва қисса кардан аз ғаму андӯҳест, ки онҳоро афгор кардааст.

“Дар бораи фарзанду шавҳарашон мегӯянд. Мешинему ҳар кас алами худро баён мекунад. Кадом вақте ки хабар карданд, меравам. Камтар ғубори дилам мебарояд”, - гуфт ӯ. Фазила Юсуфова мунтазири маҳфили навбатист, маҳфиле, ки бенишоншудагон ва ғаму андӯҳи онҳо сабаби ташкили он шудааст.

Дар ҳоле ки мақомоти Тоҷикистон теъдоди афроди бедаракшударо ошкор накардаанд, Салиби Сурх соли гузашта гуфта буд, ки 1600 шаҳрванди кишвар ба ҳайси "афроди бедарак" сабти ном шудаанд ва пайвандонашон онҳоро меҷӯянд. Барои кумак ба наздикони афроди гумшуда ин созмон тарҳи “Махзани маълумот”-ро низ роҳандозӣ кардааст, ки бо ворид кардани ному насаби гумшуда ба ин махзан нафари нопадидшуда дар ҳама кишварҳо ҷустуҷӯ мешавад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG