Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Париж ва Лос-Анҷелес - мизбонони Бозиҳои олимпии солҳои 2024 ва 2028


Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2024 дар Париж ва Олимпиадаи соли 2028 дар Лос-Анҷелес баргузор мешаванд. Ин тасмим 13-уми сентябр дар сессияи 131-уми Кумитаи байналмилалии олимпӣ дар Лима, пойтахти Перу, гирифта шуд. Дар ин бора сомонаи расмии Кумитаи байналмилалии олимпӣ иттилоъ додааст.

Аз аввал барои мизбонии Олимпиадаи соли 2024 панҷ шаҳр: Ҳамбург, Будапешт, Рим, Париж ва Лос-Анҷелес мубориза бурданд, вале танҳо ду шаҳри баъдӣ дархостҳои худро тасдиқ намуданд. 11-уми июл дар ҷаласаи сессияи Кумитаи байналмилалии олимпӣ тасмим гирифта шуд, ки Бозиҳои олимпии солҳои 2024 ва 2028 дар ин шаҳрҳо баргузор мешаванд. Дар ҷаласаи Перу навбати рақобатҳо муайян карда шуд.

Пештар Париж ва Лос-Анҷелес дуборӣ мизбони Бозиҳои олимпӣ буданд. Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Париж солҳои 1900 ва 1924, дар Лос-Анҷелес солҳои 1932 ва 1984 баргузор шудаанд. Ягона шаҳре, ки се бор мизбони Олимпиада буд, то ҳоло Лондон мебошад.

Бозиҳои наздиктарини тобистонаи олимпӣ соли 2020 дар Токио баргузор мешаванд.

XS
SM
MD
LG