Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳайати ҳукумати Сурия вориди Остона шуд


Сафири Сурия дар СММ Башор ал-Ҷаъфарӣ дар Остона
Сафири Сурия дар СММ Башор ал-Ҷаъфарӣ дар Остона

Ба иттилои маркази матбуотии вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон, ҳайати ҳукуматии Сурия бо роҳбарии намояндаи ин кишвар дар СММ Башор Ҷаъфарӣ рӯзи 13 сентябр вориди Остона шуд.

Расонаҳо менависанд, ки имрӯз дар Остона "мушовараи коршиносони ҳайатҳои кишварҳои кафил" баргузор мешавад.

Мулоқоти сатҳи баланд дар доираи гуфтугуҳои сулҳи Сурия дар Остона 14-15 сентябр доир мешавад. 15 сентябр дар меҳмонхонаи Rixos President Astana ҷаласаи умумӣ дар назар аст.

XS
SM
MD
LG