Пайвандҳои дастрасӣ

1200 донишҷӯи туркман касби омӯзгориро дар Тоҷикистон меомӯзанд


Дар соли равон аз 1200 ҷавон аз Ҷумҳурии Туркманистон ба 13 факултаи донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон шомил шуданд. Ин донишҷӯён бар асоси як шартномаи байни Тоҷикистону Туркманистон барои таҳсил ба Душанбе омадаанд. Донишгоҳи омузгорӣ бо назардошти бештар шудани теъдоди донишҷуён аз Туркманистон китоби омӯзишии “Забони тоҷикӣ барои навомӯзон ва гурӯҳҳои туркманӣ”-ро бо теъдоди 500 нусха ба нашр расонидааст.

Саидмурод Хоҷазод, мудири кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи омузгорӣ рӯзи 14 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки китоби омӯзиши забони тоҷикӣ бо назардошти афзоиши шумори донишҷуёни туркман иншо шудааст. Ҳоло масуъулин дар фикри чопи боз 500 нусхаи дигари ин китоб ҳастанд, чунки бахши аввалаш пурра ба фурӯш рафтааст. Ҳар китоб 15 сомонӣ нарх дорад.

Вай афзуд, дар солҳои гузашта аз Туркманистон то 500 нафар довталаб меомад, вале имсол теъдоди хоҳишмандони дохил шудан ба донишгоҳи Тоҷикистон се баробар зиёд буд.

Ҷавонони туркман бар асоси шартнома миёни Вазорати маъорифи Тоҷикистон ва Туркманистон ба донишгоҳи омузгорӣ меоянд ва дар ибтидо дар муддати се моҳ онҳо бо омузиши забони тоҷикӣ фаро гирифта мешаванд, зеро забони таҳсил тоҷикӣ буда истисноан дар баъзе факултаҳо бо забони русӣ таҳсил мекунанд, мегӯяд Саидмурод Хоҷазод.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG