Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи “калӯшзанак”. Мудири занон ба “авбошӣ” муттаҳам шуд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Гулҷаҳон Сафарова – мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи ҳукумати ноҳияи Ховалинг – ба “авбошӣ” муттаҳам шуд. Як манбаъ дар идораи корҳои дохилии Ховалинг рӯзи 13-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки парвандаи ҷиноӣ алайҳи ӯ бар асоси шикояти Мавлуда Назарова – сардабири нашрияи “Ҳақиқати Ховалинг” – боз шуда, барои баррасӣ ба додситонӣ ирсол гардидааст. Назарова шикоят кардааст, ки мудири шуъбаи занони ҳукумати ноҳияи Ховалинг ӯро латту кӯб намуд.

Мо эътироз кардем, ки чаро бо як модда парванда боз карданд. Шикояти ман нисбат ба ин зан ва падараш буд, ки ШКД ба назар нагирифтааст. Аз рӯи шикояти мо нисбат ба падари мудири Бахши занон низ бояд парвандаи ҷиноятӣ боз шавад.

Сардабири нашрияи “Ҳақиқати Ховалинг” ва мудири бахши занони ин ноҳия рӯзи 15-уми майи имсол, ҳангоми таҷлили “Рӯзи оила” бо ҳам занозанӣ кардаанд. Ду тараф якдигарро дар латту кӯб муттаҳам мекунанд.

Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ховалинг дар ҳоле нисбат ба мудири бахши занон парвандаи ҷиноӣ оғоз кардааст, ки рӯзи 18-уми август додгоҳи ноҳияи Ховалинг бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноятӣ, яъне “авбошӣ” ва “қасдан нест кардани молу мулк” сардабири нашрияи маҳаллиро ба пардохти ҳудуди 30 ҳазор сомонӣ муввазаф намуд. Сардабири нашрия ба ин ҳукм розӣ нест ва аз болои он ба додгоҳи вилояти Хатлон шикоят кардааст.

Гулҷаҳон Сафарова, мудири Бахши занон ба зангҳои телефонии мо посух надод. Мавлуда Назарова, сардабири нашрияи “Ҳақиқати Ховалинг” рӯзи 13-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳамроҳ бо вакили дифояш ба парвандаи мудири бахши занон шинос шуданд.

“Мо эътироз кардем, ки чаро бо як модда парванда боз карданд. Шикояти ман нисбат ба ин зан ва падараш буд, ки ШКД ба назар нагирифтааст. Аз рӯи шикояти мо нисбат ба падари мудири Бахши занон низ бояд парвандаи ҷиноятӣ боз шавад. Ӯ қонун дар бораи дахолатнопазириии манзилро нақз карда, вориди хонаи зистам шуд ва таҳдиди куштан кард”, - афзуд ӯ.

Ин зан гуфт, ки ҳанӯз рӯзи аввал мехост, аз болои мудири бахши занон шикоят кунад, вале раиси ноҳия гуфта буд, баҳсро худаш ҳал мекунад, аз ин рӯ, ба ҳеҷ куҷо шикоят накунад. Ӯ мегӯяд, ба ҳарфи раиси ноҳия гӯш дод, вале дертар фаҳмид, ки аллакай мудири бахши занон аз ӯ шикоят кардааст ва нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ боз кардаанд.

Ба гуфтаи ӯ, “Рӯзи оила” дар толори Қасри фарҳанг вақте машғули кори хабарнигорӣ буд, мавриди ҳамлаи лафзии раиси бахши занони ҳукумати Ховалинг қарор гирифт. Гулҷаҳон Сафарова, раиси Бахши занон дар як сӯҳбати қаблӣ гуфта буд, ки сардабири нашрияи ноҳиявӣ дар назди омма ӯро таҳқир кардаааст. Ӯ гуфт, даҳҳо шоҳид дорад, ки гунаҳкор будани сардабирро дар додгоҳ шоҳидӣ медиҳанд.

“Ҳақиқати Ховалинг”, нашрияи ҳукумати ноҳияи Ховалинг буда, ҳафтае як бор нашр мешавад. Мавлуда Назарова ду сол боз сардабирии ин нашрияро бар дӯш дорад.

XS
SM
MD
LG