Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Васваса"-и заршӯӣ. Ҳукумат иҷозат медиҳад?


Вазорати молияи Тоҷикистон тарҳи қарореро ба унвонии ҳукумат фиристодааст, ки ба ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон имкон медиҳад ба заршӯӣ ва ё истихроҷи тилло машғул шавад. То ба ҳол дар бархе аз минтақаҳои Тоҷикистон афроди алоҳида дар соҳилҳои болооби дарёи Панҷ ба шустушӯи рег ва ҷамъоварии тилло машғуланд, аммо мақомот мегӯянд кори онҳо қонунӣ нест.

Бахтиёр Зуҳуров, роҳбари сарраёсати сиёсати будҷавӣ дар соҳаҳои воқеии иқтисодиёти Вазорати молияи Тоҷикистон, яке аз муаллифони ин лоиҳа рӯзи 4-уми сентябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳадаф аз тарҳи мазкур, фароҳам кардани ҷойҳои корӣ барои афроде, ки мехоҳанд мустақилона ба истихроҷи тилло машғул шаванд.

Наваду се дарсади қаламрави Тоҷикистонро кӯҳҳо ташкил медиҳанд ва дар минтақаҳои гуногуни кишвар конҳои маъдану металҳои қимматбаҳо кашф шудаанд.

Ба гуфтаи ӯ, тибқи лоиҳае, ки онҳо омода карданд, ҳам шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкори инфиродӣ (яъне ҳам ширкатҳо ва ҳам соҳибкорони алоҳида метавонанд ба истихроҷи тилло машғул шаванд ва аммо шахсони алоҳида танҳо бояд бо асбобу олоти дастӣ ба ин кор машғул шаванд ва техникаву таҷҳизотро ҷалб накунанд.

Ба гуфтаи вай, баъди содир шудани ин қарор, ҳудудҳое, ки дар он барои ба таври дастӣ истихроҷ кардани тилло иҷозат дода мешавад, муайян хоҳад шуд. Зуҳуров афзуд, тибқи ин лоиҳа, афроди хоҳишманд метавонанд худро ба ҳайси соҳибкор дар мақомоти андоз сабт карда, бо дарёфти патент ба истихроҷи тилло ва ё заршӯи машғул шаванд.

Вазорати молияи Тоҷикистон аз соли 2016 ба таҳия ин тарҳ машғул буд, аммо Зуҳуров гуфт, дар ин муддат як маротиба ин тарҳ аз баррасии ҳукумат ба вазорат бозпас гардонида шуд. "Пас аз ин мо ин лоиҳаро бори дигар такмил кардем. Тамоми вазорату идораҳои дахлдор ба ин тарҳ хулосаи мусбат доданд. Мо бори дигар ин лоиҳаро ба унвони Дастгоҳи иҷроияи раиси ҷумҳур фиристодем ва айни замон мунтазири посухи аз он ҷо ҳастем",- иброз дошт Зуҳуров.

Ин мақоми Вазорати молияи Тоҷикистон гуфт, дар сурати содир шудани ин қарор, наздик ба 1000 нафар шаҳрвандони дар куҳистон ҷойи кор пайдо мекунанд. Айни замон низ дар бархе аз минтақаҳои Тоҷикистон, аз ҷумла дар мавзеи Шугнови Ховалинг афроди алоҳида ба истихроҷи тилло машғуланд, аммо Зуҳуров мегӯяд, чун кори онҳо ғайрирасмӣ буда қонунӣ нест, оморе низ дар мавриди шумораи ин афрод вуҷуд надорад. Тоҷикистон ки 93 дарсади қаламравашро куҳҳо ташкил медиҳанд, ва дар минтақаҳои гуногуни кишвар конҳои маъдану металҳои қимматбаҳо кашф шудаанд.

Зуҳур Ёров, геологи варзидаи тоҷик мегӯяд, бар замми конҳои кашфшуда, инчунин дар соҳили чанде аз рудхонаҳои Тоҷикистон тиллои русуба ва ё зар ба таври парешон вуҷуд дорад. Ёров мегӯяд, аксаран мавзеҳои тиллои русуба захираи зиёде надоранд ва барои истихроҷи саноатӣ судовар нестанд ва аз ин рӯ, ба таври дастӣ коркард кардани он имконопазир аст. Зуҳуров дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ номгӯи чанде аз мавзеҳое, ки дар он ҷо бо усули заршӯи тилло ба ёфтан мумкин аст номбар кард:

"Тилои русубаро дар мавзеи Хирманҷо, Анҷироби ноҳия Шӯрообод ва мавзеи Сариоби Сағирдаши Дарвоз шустан мумкин аст. Ҳамчунон имкони заршӯӣ аз маркази ноҳияи Сангвор боло то мавзеҳои Бохуд, Ғармо, Дарахатак, Ҳазрати Бурх, Оби Занки вуҷуд дорад. Дар ҳамаи ин мавзеъҳо тилло вуҷуд дорад. Боз дар Бадахшон- Помири шарқӣ дар Рангкул, қад -қади дарё дар Язғуломи Ванҷ низ зуҳуроти тилло ба назар мерасад. Дар Зарафшон дар наздикии деҳаи Урметани Айнӣ то Масчои куҳна якчанд мавзеъ ҳаст, ки заршӯи имкон дорад".

Зуҳуров гуфт, заршӯи як имкони истифоданошудаи Тоҷикистон аст, ки бо ба роҳ мондани он, аҳолӣ имконияти ба даст овардани пули хубро пайдо мекунад. Ин геологи варзидаи тоҷик мегӯяд, зарҳои парешон асрҳо дар канори рудхонаҳо хобанд, чун коркардни саноатии он судовар нест.

"Заршӯён асосан як олоти меҳнат доранд. Як латоки чӯбӣ аст, ки онро зери об карда доимо меҷунбонанд ва регу хокро об мешӯяд ва чун тилло вазнин аст, дар дохили он мемонад».

Бо омадани ширкатҳои Чин дар Тоҷикистон, истироҷи тилло ба маротиб афзуд. Вазорати саноати Тоҷикистон соли гузашта эълон карда буд, ки истихроҷи тилло дар кишвар 11 дарсад афзуд, аммо омори чанд тонна истеҳсол шудани тиллоро ба далели сирри будани он ошкор накард. Аммо бинобар ҳисобҳои иқтисоддонҳо дар такя ба омори солҳои пешнин, соли гузашта дар Тоҷикистон беш аз 5 тонна тилло истихроҷ шудааст.

XS
SM
MD
LG