Пайвандҳои дастрасӣ

СММ: 15 ҳазор маъюби Қазоқистон дар муассисаҳои пӯшида нигаҳдорӣ мешавад


Каталина Девандас Агилар

Гузоришгари махсуси СММ дар умури ҳуқуқи маъюбон Каталина Девандас Агилар аз муносибати нохуби одамон ва рафтори бераҳмона дар муассисаҳои нигаҳдории маъюбон шикоят дарёфт кардааст. Дар ин бора ӯ 12 сентябр дар ҷаласае дар шаҳри Остонаи Қазоқистон баъди як рӯзи сафар ба ин кишвар хабар дод.

"Бар асоси Конвенсияи ҳифзи ҳуқуқи одамони маъюб, чунин афрод ҳаққи зиндагии мустақилона дар ҷамъиятро доранд, аммо дар кишвар 15 ҳазор одам - кӯдакону калонсолон, ки маъюб ҳастанд - дар муассисаҳои пӯшида зиндагӣ мекунанд ва бо ҷомеа робита надоранд. Дар чунин муассисаҳо хушунату бадрафторӣ мушоҳида мешавад, ман чунин шикоят дарёфт кардам", - гуфт Каталина Девандас Агилар.

Ба андешаи Агилар сохтмони биноҳо ва муассисаҳое, ки барои маъюбон пешбинӣ шудаанд, аз пойдевор нодуруст ҳастанд.

"Ман ба ҳукумат тавсия медиҳам, ки қабули маъюбонро ба чунин муассисаҳо манъ кунад ва тасмими бастани муассисаҳои мазкурро рӯи даст гирад ва низоми ҳимоят аз маъюбонро дар сатҳи ҷомеа рушд диҳад. Зиндагӣ дар муассисаҳо набояд ҳамчун афзалият ва ё ҳамчун ҳифзи иҷтимоӣ баҳо дода шавад", - гуфт Каталина Агилар

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG