Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси "Турон" раҳо шуданаш аз зиндонро қадами мусбат номид


Сардабири хабаргузории "Турон" Меҳмон Алиев
Сардабири хабаргузории "Турон" Меҳмон Алиев

Раҳбари хабарузории "Турон" Меҳмон Алиев раҳоии худро аз зиндон қадами мусбат арзёбӣ кард ва гуфт шод аст, ки ин иштибоҳ ислоҳ шуд.

Алиев рӯзи 11 сентябр ба шарти риояи ҳабси хонагӣ аз зиндони пешакӣ озод шуд. Мақомот ӯро ба сарпечӣ аз пардохти молиёт ва суйистифода аз мақом муттаҳам карданд. Рабҳари "Турон" ҳамагуна хилофкориро рад мекунад.

Ҳарлем Дезир, намояндаи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврпуо дар умури озодии матбуот аз озод шудани Алиев истиқбол кард, аммо аз мақомот даъват намуд, ки тамоми иттиҳомро алайҳи раҳбари хабаргузорӣ лағв кунанд.

Масъулони молиёти Озарбойҷон рӯзи 16-уми август идораи "Тӯрон"-ро бозҷӯӣ ва санадҳои онро мусодира карданд. Ба думбол раҳбари хабаргузорӣ Меҳмон Алиев боздошт шуд.

Бо амри мақомоти Боку ҳисобҳои бонкии хабаргузорӣ масдуд шудаанд. Ҳукуматҳои Ғарбӣ ва созмонҳои ҳуқуқи башар, таҳрими молии хабаргузории "Турон"-ро идомаи саркуби матбуоти мустақил, сиёсатмадорони мухолифин, рӯзноманигорон ва фаъолони ҷомеаи маданӣ медонанд.

XS
SM
MD
LG