Пайвандҳои дастрасӣ

Саудӣ гуфт, ки аз як ҳамлаи террористии ДИИШ ҷилавгирӣ кард


Акс аз бойгонӣ

Арабистони Саудӣ рӯзи 12-уми сентябр гуфт, ки мақомоти кишвар барномаи ҳамлаи гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ба бинои Вазорати дифоъро хунсо ва ҳамзамон як ҳалқаи ҷосусӣ дар шоҳигариро нобуд карданд.

Мақомоти амниятӣ ба матбуоти давлатӣ гуфтанд, ду марди яманӣ, ки бо номҳои тақаллубӣ дар Саудӣ будубош доштанд, мехостанд дар бинои вазорати дифоъ, воқеъ дар Риёз, ҳамлаи интиҳорӣ анҷом диҳанд. Мақомот мегӯянд, ин ду марди яманӣ якҷоя бо ду шаҳрванди Арабистонӣ Саудӣ боздошт шуданд, ки дар тарҳрезии амали террористӣ бо ҳам шарик буданд.

Арабистони Саудӣ эътилофи кишварҳои пуштибони президенти Яман Абдураббо Мансур Ҳодиро таъсис дода, дар муборизаи Ҳодӣ алайҳи ошӯбгарони Ҳусии таҳти нуфузи Эрон ба ӯ кумак мерасонад.

Дар мавриди афроди муттаҳам бо ҷосусӣ расонаҳои Саудӣ мегӯянд, ки ин шабака аз шаҳрвандони Саудӣ ва хориҷиён иборат будааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG