Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти гумонбар дар қатли як корманди додгоҳи Восеъ. ВИДЕО


Деҳаи Қурбоншаҳиди ноҳияи Восеъ

Мақомоти интизомии ноҳияи Восеи вилояти Хатлон нафари гумонбар дар қатли Наҷмидидин Садриддинови 36-сола, судиҷрочии калони додгоҳи ноҳияро боздошт кардаанд. Мақомот аз ин нафар Неъмат Ҷӯраеви 45-сола ном мебаранд.

Нисбат ба нафари бар асоси моддаи “куштор” парвандаи ҷиноӣ боз шуда ва тафтиши ҳодиса идома дорад.

Ҷасади Наҷмиддин Садриддинов охири моҳи июни имсол аз соҳили рӯдхонаи Сурхоб, наздик ба маҳаллаи Қурбоншаҳид, пайдо шуд. Дар аввал мақомот гуфтанд, ки эҳтимол ӯ дар пайи оббозӣ ғарқ гардидааст. Баъдан ташхис маълум кард, ки Садриддинов аз роҳи буғикунӣ кушта шудааст.

Як манбаъ дар мақомоти интизомии ноҳияи Восеъ рӯзи 12-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, судиҷрочии калонро шавҳари зане куштааст, ки чанд моҳи пеш аз ҳодиса бар асоси қарори додгоҳ молу мулки ин ду нафарро миёни ҳам тақсим карда буд.

Ӯ гуфт, ин мард дар додгоҳ иддао карда буд, ки судҷирочии калон бо ҳамсараш робита дорад ва бар ин асос молу мулкро нодуруст тақсим кардааст.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон низ рӯзи 11-уми сентябр бидуни бурдани ном ва вазифаи ин афрод хабар дод, ки “як марди 45-солаи сокини ноҳияи Восеъ бо гумони куштор дастгир карда шуд”.

Ба қавли манбаъ, “номбурда 29-уми июни соли 2017, тахминан соати 18:30-дақиқа ба соҳили дарёи “Сурхоб”-и ҳамин ноҳия рафта, собиқ ҳамсараш, зани 39-солаи сокини ҳамин ноҳияро дар дохили автомашинаи шахсии тамғаи “Опел-Астра”-и марди 36-солаи сокини ноҳияи Восеъ, дидааст. Баъдан аз ҳиссиёти рашк оинаи дари автомашинаро шикаста, бо истифодаи зӯроварӣ ба собиқ ҳамсараш ҳамла кардааст.”

Мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, баъдан зан аз тарс аз дохили мошин баромада, ба тарафи дарёи “Сурхоб” фирор кардааст. “Гумонбар бо дастонаш роҳи нафаси марди 36-соларо, ки дар ҷойи нишасти ронанда ҳузур дошт, сахт зер карда, ба ҳалокат расондааст. Сипас ҷасадро ба дарёи “Сурхоб” партофтааст”, - шарҳ доданд дар Вазорати умури дохилӣ.

Ҷамила Файзова, зане, ки шавҳари собиқаш дар куштори судиҷрочии Додгоҳи ноҳияи Восеъ айбдор дониста мешавад, гуфт, ҳангоми даргириии ин ду нафар аз ҷои ҳодиса фирор кард ва танҳо субҳ фаҳмид, ки ҷасади Наҷмиддин Садриддиновро аз соҳили Сурхоб пайдо кардаанд. Ӯ гуфт, пас аз ин ҳодиса шавҳари собиқаш ба ӯ таҳдид кард, ки дар ин бора ба мақомот хабар надиҳад.

Ин зан гуфт, солҳо пеш аз Неъмат Ҷӯраев талоқ гирифта буд ва бо ӯ зиндагии муштарак надошт.

Як манбаъ дар мақомоти интизомии минтақаи Кӯлоб дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, нисбат ба Неъмат Ҷӯраев бо моддаи 104-и Кодекси ҷиноӣ, яъне “куштор” парванда оғоз шуда, додситони минтақаи Кӯлоб тафтишро идома медиҳад.

Ин манбаъ гуфт, Неъмат Ҷӯраев то замони боздошт дар шуъбаи фарҳанги ноҳияи Восеъ фаъолият мекард ва аз ду зан ҷудо шуда, ҳамроҳи ҳамсари сеюмаш ба сар мебурд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG