Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Афғонистон як маъюби савори аробача корманди Салиби Сурхро ба ҳалокат расонд


A

Як маризи савори аробача дар шимоли Афғонистон бо зарби тири туфанг равонпизишки испанитабор ва корманди созмони байналмилалии Салиби Сурхро ба ҳалокат расонд. Ин ҳодиса рӯзи 11 сентябр дар шаҳри Мазори Шарифи вилояти Балхи Афғонистон рух дод. Лорена Энебрал Перез дар дохили маркази тиббӣ ба қатл расид, омадааст дар изҳороти Салиби Сурх. Дар изҳорот гуфта мешавад, ки баъди ин ҳодиса Перезро ба бемористони пойгоҳи низомии НАТО дар Камп Мармал интиқол доданд, вале баъдан зан дар он ҷо аз ҷароҳатҳои бардошта ҷон дод. Перез 38 сол дошт ва ба муолиҷаи кӯдакону калонсолони маъюб машғул буд. Бархе аз онҳо савори аробача мебошанд. Раиси намояндагии созмони байналмилалии Салиби Сурх дар Афғонистон Моника Занареллӣ гуфт, ки хонум Перез “як инсони меҳрубон ва дӯстдоштанӣ” ва “мутахассиси собиқадору ҳирфаии кори худ” буд. Вай гуфт, ки дар давоми умри кӯтоҳаш ӯ бештар бо кӯмак ба кӯдакони маъюб машғул шудааст.

Баъди он ки моҳи феврали имсол шаш корманди созмони Салиби Сурхро дар вилояти Ҷузҷони Афғонистон ҳадафи тир қарор доданд, аксар дафтарҳои ин созмон кор намекарданд. Моҳи декабри порсол як корманди испанитабори Салиби Сурх дар роҳи байни Мазори Шарифу Қундуз рабуда шуд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG