Пайвандҳои дастрасӣ

Черногория аз бозгашти муттаҳамони табаддулот ба Русия ҷилавгирӣ кард


Милан Кнезевич ба бинои додгоҳ ворид мешавад

Додгоҳи Черногория рӯзи 11 сентябр дархости баргардонидани шиносномаҳои сиёсатмадорони мухолифин - Милан Кнезевич ва Андрий Мандичро рад кард, ки мехостанд барои мулоқот бо раҳбарияти ҳизби "Русияи Воҳид" ба Маскав раванд. Баррасии парвандаи кӯшиши табаддулоти давлатии моҳи октябри соли 2016 идома дорад ва ба фарзияи тафтишот табаддулотгарон барнома доштанд, ки порлумонро ишғол кунанд ва нахуствазир Мило Ҷукановичро ба қатл расонанд.

Кнезевич ва Мандич баъди эълони иттиҳоми кӯшиши эҷоди бесуботӣ дар кишвар аз масунияти порлумонӣ ва имкони сафар ба хориҷ маҳрум шуданд. Ҳарду сиёсатмадор узви созмони маскавгарои "Ҷабҳаи Демократӣ" ҳастанд.

Аз замони азсаргирии мурофиаи додгоҳӣ дар таърихи 6 сентябр, ду айбдоршанванда - шаҳрвандони Сербистон Братислав Дикич ва Милош Йовович дар додгоҳ бозпурсӣ шуданд. Онҳо иттиҳомро рад, аммо шиносоӣ бо яке аз барномарезони табаддулот - Александ Синҷеличро эътироф мекунанд. Синҷелич баъди боздошт ва ҳамкори бо тафтишот мақоми шоҳидро гирифт.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG