Пайвандҳои дастрасӣ

Пешнамоиши филми "Матилда" дар Маскав лағв шуд


Лаҳзае аз филми "Матильда"

Пешнамоиши "Матилда", филми коргардони рус Алексей Учител, ки қарор буд рӯзи 11 сентябр дар кинотеатри "Иллюзион" ба намоиш дарояд, биноба "мушкилоти фаннӣ" лағв шуд. Намоиш зоҳиран ба 26 октябр, рӯзи пахши саросарии он дар Русия, гузаронида шуд. Аммо намояндагони коргардон Алексей Учител гуфтанд, ки маросим баргузор намешавад.

Дар интернет билети филми "Матилда" барои пешнамоиши имрӯза ба ивази 3 ҳазор рубл пешниҳод мешуд.

"Матилда" имрӯз дар Владивосток, дар пасманзари ташдиди чораҳои ба намоиш медарояд. Беш аз 400 билети филм дар камтар аз як шабонарӯз фурӯхта шуд.

Маъракаи зидди филми "Матилда"-ро депутат Наталя Поклонская пеш мебарад. Ба назари Поклонская филм дар бораи достони ишқи императори оянда Николай-II бо раққосаи белат Матилда Ксешиская ба эҳсоси имондорон зарба мезанад. Фаъолони калисои провославӣ гуфтаанд, онҳо ҳар кинотеатреро оташ мезананд, ки дар он филм ба намоиш медарояд.

Рӯзи 11 сентябр афроди ниқбпӯш ду мошинро дар назди хонаи вакилон, ки аз ҳуқуқи Алесей Учител ҳимоят мекунанд, оташ заданд ва варақаҳоеро бо навиштаи "Барои Матилда бисӯз" пахш карданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG