Намояндаи Созмони Милали Муттаҳид дар умури ҳуқуқи башар Зайд Раад ал-Ҳусайн зуроварӣ охири моҳи гузашта алайҳи мусалмонони Роҳинҷа дар Мянмарр маҳкум кард.
Ӯ зимни суханронӣ дар Шӯрои Созмони Милали Муттаҳид дар умури ҳуқуқи башар рӯзи душанбе дар Женева ёдовар шуд, ки дар пайи зуроварӣ алайҳи мусалмонони Роҳинҷа, оташ задани рустоҳои онҳо ва қатлҳои бидуни мурофиа беш аз 270 000 нафар ба Бангладеш фирор кард.
Зайд аз ҳукумати Мянмар даъват кард, ки амалиёти низомиро қатъ кунад ва гунаҳкорони барои ҳамаи қонуншиканиҳои ахир ҷазо диҳад. Ӯ ҳамчунин аз ҳукумат хост, ки аз тамоюли табъизи ҷиддӣ ва фарогир алайҳи аҳолии Роҳинҷа ҷилавгирӣ кунад.