Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешвози ҳоҷиён: "Оби зам-заму ҳоҷибинон равост, зиёфат манъ аст"


Акси бозгашти ҳоҷиён аз соли 2014
Акси бозгашти ҳоҷиён аз соли 2014

Субҳи 11 сентябр нахустин гурӯҳи 186-нафарии ҳоҷиёни тоҷик баъд аз адои маросими Ҳаҷҷ аз Мадина ба Душанбе баргашт. Афшин Муқим, сухангӯи Кумитаи корҳои дин ва танзими маросиму анъана дар Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳоҷиён тавассути ҳавопаймои ширкати "Сомон Эйр" ба ватан баргаштанд. Вай афзуд, ки "дар маҷмӯъ ҳоҷиёни тоҷик, ки теъдодашон беш аз 6 ҳазор нафар аст, дар 20 парвоз тавассути ширкатҳои ҳавоии "Сомон Эйр", "Тоҷик Эйр" ва ширкати давлатии Арабистони Саудӣ то 25 сентябр ба Тоҷикистон бармегарданд".

Афшин Муқим афзуд, ки субҳи имрӯз гурӯҳи нахустини зойиронро дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе раҳбарияти бахши Кумитаи корҳои дин ва танзими маросиму анъана пешвоз гирифтанд ва барои онҳо тағйироти воридшуда ба Қонуни танзими расму ойинҳоро тавзеъ доданд. "Ба онҳо гуфта шуд, ки дар замони адои маросими Ҳаҷҷ будани ин зойирон ба қонунгузорӣ ислоҳоте ворид карда шуд, ки тибқи онҳо пешниҳоди ғизо дар маросими ба истилоҳ "ҳоҷибинон" манъ шудааст. Аммо қабули табрикоти анҷоми сафари Ҳаҷҷ ва пешниҳоди оби "Зам-Зам" манъ нашудааст".

Афшин Муқим сарусадоҳои паҳншуда дар миёни сокинон дар бораи манъи шудани маросими "ҳоҷибинон" баъд аз ворид кардани тағйирот дар моҳи августи соли ҷориро такзиб кард ва гуфт, ки "танҳо додани ғизо барои меҳмонон манъ шудааст".

Сафари имсолаи зоирони тоҷик ба Арабистони Саудӣ рӯзи 16-уми август шурӯъ шуд.

Нархи имсолаи сафари Ҳаҷ барои зоирони тоҷик тақрибан 33 ҳазор сомонӣ, муодили 3630 доллар, муқаррар шудааст. Ин назар ба як соли пеш 4 ҳазор сомонӣ бештар аст.

Ҳаҷ барои ҳар мусалмон ҳадди ақал як бор дар зиндагиаш, дар сурати доштани қудрат ва тавоноӣ, фарз шудааст. Аммо тибқи қарори ду соли пеш, танҳо нафарони аз 40-сола боло ҳаққи сафар ба Маккаву Мадина барои анҷоми фаризаи Ҳаҷро доранд.

XS
SM
MD
LG