Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Умедвории Рӯҳонӣ барои рушди муносибати Эрону Тоҷикистон


Ҳасани Рӯҳонӣ
Ҳасани Рӯҳонӣ

Ҳасани Рӯҳонӣ – раиси ҷумҳури Эрон – дар як нома ба ҳамтои тоҷики худ Эмомалӣ Раҳмон ба рушди муносибатҳои Теҳрону Душанбе изҳори умедворӣ кардааст. Расонаҳои Эрон рӯзи 9-уми сентябр гуфтанд, ки ин номаи Ҳасани Рӯҳонӣ дар остонаи ҷашни 26-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон навишта шудааст.

Дар ин нома, ки матни онро расонаҳои Эрон чоп карданд, ба пайвандҳои ногусастании фарҳангӣ ва тамаддунӣ миёни ду миллат таъкид шудааст. “Умедворем, дар партави ин пайвандҳо ва иштирокоти ҳамаҷонибаи миёни ду миллат, муносибати мо дар ҷиҳати таъмини манофеи муштарак ва таҳкими амният ва суботи минтақаӣ тавсеа ва идома ёбад”, - афзудааст Рӯҳонӣ.

Бино ба иттилои вебсайти раиси ҷумҳур, сарони чанд кишвари дунё, аз ҷумла Амрикову Русия, Чин, Узбакистон ва Арабистони Саудӣ раҳбарият ва мардуми Тоҷикистонро ба ҷашни истиқлол табрик гуфтаанд. Ҳарчанд дафтари матбуот номаи бархе аз ин раҳбаронро нашр кард, аз номаи Ҳасани Рӯҳонӣ дар ҷое ишора нанамудааст.

Тоҷикистону Эрон тайи тақрибан ду соли охир марҳилаи мушкили ҳамкориро паси сар мекунанд. Ин вазъият дар пайи даъвои молӣ бар сари пулҳои гӯё гумшудаи миллиардер Бобаки Занҷонӣ ва даъвати раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ба конфронси Теҳрон дар моҳи декбари 2015 ба вуҷуд омадааст.

Тоҷикистон ҳар сол рӯзи 9-уми сентбяр истиқлоли худро таҷлил мекунад. Кишвар соли 1991 мустақилияти худро аз Иттиҳоди Шӯравии собиқ эълон карда буд.

XS
SM
MD
LG