Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Э.Раҳмон: "Ҳифзи оромӣ аз ҳама арзишҳои дигар болотар аст"


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, истиқлоли кишварро “нодиртарин падидаи сиёсиву сарнавиштсоз” номид. Ӯ дар ин бора рӯзи 8-уми сентябр дар як паёми телевизионии бахшида ба ҷашни 26-умин солгарди истиқлоли кишвар изҳори назар кард.

Оқои Раҳмон дар ин паёмаш ба созишномаи сулҳ дар кишвар ҳам ишора кард ва гуфт, тавонистанд бо ин тавофуқ кишварро аз парокандашавӣ наҷот диҳанд. Вай ҳифзи марзу буми кишвар, иттиҳоди миллӣ, бунёди давлати ҳуқуқбунёди дунявӣ, густариши фарҳанги миллии ҷавобгӯ ба талаботи муосирро аз вазифаҳои мушкили ҳукумат донист, ки тӯли ин солҳо тавонистанд ба он муваффақ шаванд.

Эмомалӣ Раҳмон иҷлосияи 16-уми Шӯрои олиии Тоҷикистон дар моҳи ноябри соли 1992-ро, ки ӯро ба қудрат расонд, низ “созанда” хонд. Ӯ гуфт, "таҳкими ваҳдати миллӣ ва ҳифзи фазои орому осоиштаро барои зиндагиву фаъолияти шаҳрвандонамон аз ҳама арзишҳои дигар муқаддамтар мешуморем”.

Ин ҳарфҳои Эмомалӣ Раҳмон дар ҳолест, ки мунтақидон мегӯянд, давоми ин солҳо сатҳи камбизоатӣ дар кишвар боло боқӣ монда, боис ба муҳоҷират садҳо ҳазор шаҳрвандони кишвар ба хориҷ, ба вижа Русия шудааст. Ҳамчунин гуфта мешавад, солҳои охир фазои сиёсӣ ва фаъолияти матбуоти мустақил маҳдуд шуд.

Тоҷикистон рӯзи 9-уми сентябри соли 1991 пас аз суқути Иттиҳоди Шӯравӣ истиқлоли худро ба даст овард. Вале ҳамагӣ дар чанд моҳи баъд аз эълони истиқлол, кишвар ба домани ҷанги дохилӣ афтод. Рӯзи 27-уми июни соли 1997 дар Маскав созишномаи истиқрори сулҳ имзо шуд ва ба ин даргирӣ хотима бахшид.

XS
SM
MD
LG