Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Олмон ва Фароса тамрини низомии "Запад"-ро танқид карданд


Нишасти вазирони дифоъ ва амнияти Иттиҳоди Аврупо дар Эстония
Нишасти вазирони дифоъ ва амнияти Иттиҳоди Аврупо дар Эстония

Олмон ва Фаронса тамрини низомии Русияву Белорусия таҳти унвони "Запад"-ро, ки ба назадикӣ баргузор мешавад, танқид карданд. Дар ин бора вазирони дифои ду кишвар рӯзи 7 сентябр дар долонҳои нишасти сарони идораҳои дифоии Иттиҳоди Аврупо дар Таллин изҳорот доданд. Урсула фон дер Лейен ва Франс Парли гуфтанд, ки Маскав мехоҳад тавони низомиашро дар марзҳои Иттиҳоди Аврупо ва НАТО ба намоиш гузорад, аммо Иттиҳодияи Аврупо ба таъмини амнияти ҳамаи давлатҳои узв омода аст.

Қаблан Дабири кулли НАТО Йенс Столенберг гуфт, агарчи тамрини низомии "Запад" таҳдиди воқеиро ба думбол надорад, вале Маскав меъёрҳои боз буданро нақз кард ва танҳо бо даъвати се нозири НАТО иктифо намуд. Кишварҳои ғарбӣ ба ин назаранд, ки дар тамринҳо беш аз 100 ҳазор сарбоз иштирок мекунад ва аз рӯи қоидаҳои Созмони Амният ва Ҳамкории Аврпуо дар машқҳои ба ин бузургӣ кишварҳои дигар бояд пештар огоҳ карда шаванд ва теъдоди нозирон низ бояд ба андозаи кофӣ бошад. Русия ва Белорусия мегӯянд, ки дар машқҳои низомӣ теъдоди на бештар аз 12700 сарбоз иштирок мекунад.

Баъди ишғоли Қрим аз ҷониби Русия дар соли 2014 ва пуштибонии Маскав аз ҷудоихоҳони шарқи Украина, паймони НАТО беш аз 4 ҳазор сарбозро дар Эстония, Литва, Латвия ва Лаҳистон мустақар кард.

XS
SM
MD
LG