Сарфи назар аз қарори додгоҳи Иттиҳодияи Аврупо, Лаҳистон паноҳандагонро қабул намекунад, гуфт Витолд Вашиковский, вазири умурии хориҷии Лаҳистон рӯзи панҷшанбе. Вазир қарори Иттиҳодияи Аврупо дар заминаи ба додгоҳ кашидани Лаҳистон, Чехия ва Маҷористонро, ки намехоҳанд паноҳандагонро қабул кунанд, интиқод кард.
"Мо аз худ ҳимоят хоҳем кард, зеро амнияти Лаҳистон болотар аз қарорҳои шитобзадаи сохторҳои аворупоӣ аст",- гуфт Витолд Вашиковский.
Рӯзи гузашта Додгоҳи Иттиҳодияи Аврупо даъвои Маҷористон ва Словакияро рад кард, ки манъи квотаи ҳатмии қабули муҳоҷиронро талаб мекарданд. Брюссел ин қарорро барои ҷойгир кардани паноҳҷӯёни соли 2015 қабул карда буд.
Дар баробари Маҷористон ва Словакия, се кишвари дигари узви Иттиҳод - Чехия, Лаҳистон ва Хорватия низ аз иҷрои ин қарор сарпечӣ карданд. Тибқи квотаҳои ҳатмӣ, кишварҳои узви Иттиҳод бояд 120 ҳазор паноҳандаро қабул кунанд, ки ба Юнон ва Италия ворид шудаанд.