Пайвандҳои дастрасӣ

Вазорати беҳдошт баъди гузориши Озодӣ аз ҳоли навзодҳо хабар гирифт


Масъуд ҳоло 6-моҳа аст

Вазорати беҳдошти Тоҷикистон бо ирсоли номае ба унвонии Радиои Озодӣ аз пӯшиши хабарии ҳодисаи дар шароити хона таваллуд шудани дугоникҳое дар ноҳияи Ёвон изҳори сипос кард. Дар номаи вазорат, ки рӯзи 29 август иншо шудааст, гуфта мешавад, ки мутахассисони тиб маводи дар гузориши “Таваллуд дар ҳоҷатхона” аз таърихи 14 августи имсол чопшударо санҷида ва аз саломатии модару кӯдаконаш огоҳ шудаанд. Дар ин гузориш дар бораи шаш моҳ пеш аз ҷониби Фотима Ҳалимова ба дунё омадани дугоникҳо Мусъад ва Сафия хабар дода шуд. Аз чумла, фарзанди нахустин Мусъад дар шароити ҳоҷатхона ва берун аз назорати табибон таваллуд шуд.

Вазорати беҳдошти Тоҷикистон маълум кардааст, ки бо вуҷуди даъвати pани ҳомила ба Муассисаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарии макони зисташ дар ноҳияи Ёвон, зан ин даъватро сарфи назар кардааст. Вазорат мегӯяд, ки зан натавонистааст аломатҳои давраи аввали валодат ва дардҳои зоишро дарк кунад ва ба ҳамин хотир, дар шароити хонаву дур аз назорати тиббӣ кӯдаконро ба дунё овардааст. Вазорат навиштааст, ки баъди таваллуд ин занро ба шӯъбаи таваллуди беморхонаи марказии ноҳияи Ёвон бурда барояш тамоми кӯмаки тиббии зарурӣ расонида шуд ва кӯдакон ҳам эм шуданд.

Радиои Озодӣ дар гузориш хабар дод, ки Фотима Ҳалимоваи 29-сола рӯзи 24 феврали имсол аз ноогоҳӣ нахуст фарзандашро дар дохили ҳоҷатхона ва дигарашро дар дохили хона таваллуд карда баъдан ба духтур муроҷиат кардаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG