Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зане, ки ҷасади Далиро аз гур баровард, духтари ӯ набудаст


Пилар Абел
Пилар Абел

Озмоиши DNA-и Салвадор Далӣ собит кард, ки зани испанӣ, Пилар Абел Мартинес духтари беникоҳи наққоши машҳур набудаст. Дар ин бора бунёди "Гала Салвадор Дали" хабар дод. Пилар Абел Мартинес даъво дошт, ки духтари беникоҳи Далӣ аст ва барои исботи ин ба шикофтани тобути Далӣ муваффақ шуд.

Дар заминаи дархости ин зан барои тасдиқи фарзандӣ, ҷасади наққошро охири моҳи июл аз гур берун оварданд ва аз колбадаш намуна гирифтанд. Озмоишро Пажуҳишгоҳи миллии токсигологӣ ва пизишки қонунии Испания гузаронд.

Пилар Абел Мартинес аз соли 2007 ба ин тараф талош дорад, ки духтари биологии Далӣ будани худро собит кунад. Ба гуфтаи ин зан робитаи хуниаш бо наққошро модараш ба ӯ гуфт, ки дар хонаи Далӣ хизматгор буд. Асрори таваллуди кӯдакро ин зан гӯё каме пештар аз марги Далӣ боз кардааст.

Салвадор Далӣ аз машҳуртарин намояндагони мактаби сюреализм буд, ки бо шеваи аҷиб, вале ҷаззоби офариниш шӯҳрат пайдо кард. Далӣ соли 1989 даргузашт. Ҷасади ӯро мумиё карданд ва дар зодгоҳаш шаҳри Фигераси Каталония ба хок супурданд. Бунёди Далӣ, ки осорхонаи ӯро идора мекунад, ба дурустии иддаои Пилар Абел Мартинес бовар надорад. Агар пажуҳиш хеши наққош будани ин занро собит кунад, ӯ метавонад номи Далиро бигирад ва ба мероси ӯ ҳақ пайдо кунад.

XS
SM
MD
LG