Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Янукович ба ғасби қудрат дар соли 2010 муттаҳам шуд


Раиси ҷумҳури пешини Украина Виктор Янукович

Додсиионии кулли Украина президенти собиқи ин кишвар Виктор Януковичро ба табаддулоти конститутсионӣ, ё ғазби қудрат дар соли 2010 муттаҳам кард. Дар ин бора додситони кулли Украина Юрий Лутсенко рӯзи 6 сентябр дар Фейсбук навишт.

Дар чаҳорчӯби ин парванда иттиҳоми табаддулот ба вазири пешини адлия, Александр Лавринович низ пахш мешавад.

Соли 2010 Украина дигаргуниҳоеро, ки шаш сол аз ин пеш аз ба Қонуни асосӣ ворид шуданд лағв кард. Он таъғирот салоҳияти президентро маҳдуд мекард ва баръакс ба порлумону ҳукумат ҳақи бештар медод. Қарор лағви дигаргуниҳоро Додгоҳи конститутсионӣ, бидуни райъдиҳӣ дар порлумон қабул кард. Мухолифони Янукович ин амалро ғариқонунӣ эълон карданд.

Бар зидди раиси ҷумҳури собиқ дар Украина чандин парванда боз шудааст. Янукович, ки ҳоло дар Русия пинҳон аст, ба "куштори шаҳрвандон дар эътрозҳои соли 2013-2014", "таҷовуз ба тамомияти арзии Украина", "хиёнат ба ватан" ва ҷурмҳои дигар муттаҳам мешавад. Дар байни шаҳодатҳои калидӣ алайҳи Янукович нусхаи номааш ба Шӯрои федератсиюни Русия аст, ки дар он Янукович вуруди нерӯҳои Русияро ба Украина дархост кардааст.

Гузоришҳои видеоӣ

Шоҳинҳои Испания - паррандаҳои маҳбуби шайхони араб
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:30 0:00
XS
SM
MD
LG