Президенти Русия Владимир Путин мегӯяд, тасмими Иёлоти Муттаҳида дар бораи додани силоҳ ба Украина низоъ дар шарқи ин кишварро шадидтар хоҳад кард.
Путин рӯзи 5 сентябр дар ҳошияи самити БРИКС дар Чин ба рӯзноманигорон гуфт, "албатта, тасмим бо Вашингтон аст, ки ба кӣ силоҳ фурӯшад ё бидиҳад, вале бояд гуфт, ки интиқоли аслиҳа ба минтақаҳои даргир вазъро бадтар хоҳад кард".
Вазири дифои ИМА Ҷим Мэттис моҳи гузашта хабар дод, ки Вашингтон масъалаи интиқоли силоҳ ба Украинаро баррасӣ дорад, то ин кишвар тавонад, худро аз ҷудоиталабони мавриди ҳимояти Русия дифоъ кунад. Ҷудоихоҳони рӯ ба Кремл дар ҳоли ҳозир баъзе аз навоҳии вилоятҳои Донетск ва Луҳански Украинаро дар даст доранд.
Путин изҳор дошт, ки интиқоли силоҳ ба шарқи Украина ба ҳеч ваҷҳ вазъро тағйир нахоҳад дод, балки ба афзоиши шумори қурбониён сабаб хоҳад шуд.
"Ҷумҳуриҳои худмухтор ба андозаи кофӣ силоҳ доранд, аз ҷумла он аслиҳае, ки аз ҷониби мухолиф зада гирифтаанд", - афзуд Путин бо ишора ба ҷудоиталабони ҷумҳуриҳои эътирофношудаи Донетск ва Луҳанск.