Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Малола Аун Сан Су Чиро ба маҳкум кардани зӯроварӣ алайҳи Роҳинҷа даъват кард


Ду дорандаиҷоизаи Нобел - Малола Юсуфзай ва Аун Сан Су Чи
Ду дорандаиҷоизаи Нобел - Малола Юсуфзай ва Аун Сан Су Чи

Дорандаи ҷойиза Нобел аз Покистон, Малола Юсуфзай аз ҷоизадори дигар, Аун Сан Су Чи даъват кард, ки зуроварӣ бар мусалмонҳои Бирмаро маҳкум кунад. Малола рӯзи 4 сентябр бо ин даъват аз барандаи ҷоизаи Нобел, Аун Сан Су Чи гуфт, ки " ҷаҳон мехоҳад ҳарфи ӯро бишнавад."

Аун Сан Су Чи, раҳбарии мулкии Бирма аст, ки он ҷо дар пайи даргирии шӯришгарон ва низомиён садҳо мусалмони Роҳинҷа кушта шуд ва ҳудуди 90 000 дар пасманзари зӯровариҳо ба Банглодеш фирор кард.

"Ман такрори ба такрор ин фоҷеа ва ин муносибати шаромварро маҳкум кардам" навишт Малола дар твиттер ва афзӯд " ман айни чунин амалро аз шарики ҷоизадорам Аун Сан Су Чи интизорам."

Гурӯҳҳои ҳуқуқи инсон ва раҳбарони кишварҳои мусалмоннишин Аун Сан Су Чиро барои хомушӣ дар баробари ин фоҷеа шадидан интиқод мекунанд ва аз Кумитаи Нобел даъват кардаанд, ки ҷойизаи Аун Сан Су Чиро лағв кунад.

Ҷонибдорони раҳбари мулки Бирма мегӯянд, Аун Сан Су Чи, як замон зиндонии сиёсии хунтаи низоми Бирма, тавони назорати комили низомиёнро надорад.

XS
SM
MD
LG