Пайвандҳои дастрасӣ

Пиртарин паноҳҷӯи афғон дар Шведсия чӣ ҳол дорад?


Бибиҳол Узбакӣ

Бибиҳол Узбакӣ 106-сола пиртарин паноҳҷӯи зан аст, ки дархости паноҳандагиаш дар Шведсия радд шудааст. Ӯ ки аслан аз вилояти Кундузи Афғонистон аст, дар соли 2015 ба Шведсия расид. Муҳаммад Узбакӣ, набераи хонум Бибиҳол мегӯяд, фақат аз Шведсия мехоҳанд, ки модаркалонашро ихроҷ накунад.

Дархости паноҳандагии Муҳаммад Узбакӣ ва 11 узви дигари хонаводаи бузургашон ҳам чанде пеш аз модаркалонашон радд шуда буд. Пас аз шунидани ин хабар, Бибиҳол ҳамакнун дучори сактаи мағзӣ шуда ва қисматҳое аз баданаш фалаҷ шудааст. Наздикони ӯ мегӯянд, ки ӯ то ба ҳол дуруст гап зада наметавонад ва вақте гап мезанад як калимаро чанд бор такрор мекунад ва ҳазён мегӯянд.

Муҳаммад, набераи ин зани куҳансоли афғон мегӯяд, ки ӯ, падараш ва ҳама аҳли хонаводаи онҳо дар моҳи январи соли ҷорӣ аз сӯи мақомоти Шведсия барои дархости паноҳандагиашон ҷавоби радд гирифтанд ва модаркалонашон ҳам пас аз шунидани ин хабар, ба мушкили сиҳӣ рӯбарӯ шудааст. Ба гуфтаи Муҳаммад, пас аз сакта модаркалонашро ба бемористон бурданд ва муолиҷа шуд, аммо дар ҳоли ҳозир табобат намешавад ва ҳамеша дар дохили хона аст.

Ӯ дар мавриди сафари тӯлонии аҳли хонаводаи худ ба Аврупо мегӯяд, ки дар оғоз онҳо тариқи кӯҳҳо аз Эрон ва бо навбат ҳамроҳ бо падараш модаркалонашро шона ба шона то Туркия бурданд. Ба гуфтаи вай, дар ин масир модаркалонаш чанд бор ғалтид ва сараш шикаст. Сипас онҳо аз Туркия дар як киштии хурди ҳомили 100 нафар, худро ба Юнон расонанд. Сипас бо машаққатҳое ба Хорватия рафтанд. Ҳамин тариқ бо убур аз чанд кишвари дигар, дар соли 2015 онҳо ба Шведсия расиданд.

Набераи ин зани куҳансоли афғон мегӯяд, ки ин сафар барои онҳо пурҳазина буд ва ҳар яке то расидан ба Шведсия, 5 ҳазор долларӣ масраф карданд. Алорағми ҷавоби радд гирифтан, онҳо умедворанд, ки ҳукумати Шведсия ба дархости онҳо таваҷҷуҳ намуда ва онро мепазирад. Зеро ба гуфтаи онҳо, Афғонистон дар ҳоли ҳозир аз амният бархӯрдор нест.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG