Пайвандҳои дастрасӣ

Сафири Куриёи Шимолӣ: озмоиши ҳастаӣ "туҳфа" ба Амрико буд


Раҳбари Куриёи Шимолӣ дар робита ба силоҳи ҳастаӣ мутахасисони кишвараршро раҳнамоӣ мекунад

Сафири Куриёи Шимолӣ дар СММ Хан Тэ Сон таҳдид кард, ки кишвараш баъди озмоиши ҳастаии ахир ба ИМА "туҳфаҳои нав" хоҳад фиристод. Ӯ 5 сентябр дар ҳамоиши СММ оид ба халъи силоҳ дар Женева гуфт, Пхенян омодааст, ки кулоҳаки ҳидрогениро ба мушаки байниқитъавӣ насб кунад.

Хан Тэ Сон озмоиши ҳастаиро "чораи дифоӣ" номид ва аз Иёлоти Муттаҳида даъват кард, ки ба талошҳояш барои фишор овардан ба Куриёи Шимолӣ хотима диҳад. Ӯ гуфт, кишвараш ба ҳеч ваҷҳ масъалаи даст кашидан аз барномаи ҳастаии баррасӣ намекунад.

Намояндаи ИМА дар СММ Никки Ҳейлӣ ахиран аз Шӯрои амният даъват кард, ки дар посух ба озмоиши ҳастаии ахир таҳримҳои зидди Пхенянро афзоиш диҳад. Ба гуфтаи ӯ, "Куриёи Шимолӣ ҷангро талаб дорад". Вашингтон рӯзи 11 сентябр қатъномаи нави зидди Куриёи Шимолиро барои раъйгирӣ ба СММ пешниҳод хоҳад кард.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG