Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

РИА Новости мақолаи тазоҳуроти мусалмонҳо дар Маскавро ҳазф кард

Баъди тазоҳурот дар назди сафорати Мянмар эътирозгарон ба унвони Владимир Путин муроҷиатнома қабул карданд

РИА Новости мақолаеро, ки муаллифаш тазоҳуроти беиҷозати мусалмонҳо дар назди сафорати Мянмарро ба "харобкориҳои ДИИШ" баробар карда буд, аз саҳифа бардошт. Мақола дар бахши "Афкор" пахш шуд ва муаллифаш Дмитрий Косирев гуфт, мусалмонҳое, ки 3-юми сентябр бо пуштибонӣ аз қавми Роҳинҷа даст ба тазоҳурот заданд, дар асл "аз ҳуқуқи ҷинояткорон пуштибонӣ мекунанд."

Ӯ ҳамчунин гуфт, ин тазоҳурот намунаест, ки идеологҳои гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" баъди суқут даст ба ҳамингуна амалҳо мезананд. Мақола як соат баъди пахш аз саҳифа бардошта шуд.

Дар Мянмар, ки бахши умдаи аҳолиашро буддоиҳо ташкил медиҳанд, мусалмонҳои Роҳинҷа таҳти таъқиби мақомоти маҳаллӣ қарор доранд. Даҳҳо ҳазор намояндаи ин қавм дар ин авохир иҷборан аз кишвар фирор кард. Дар як ҳафтаи ахир беш аз 400 нафар дар задухурди байни мусалмонҳо ва буддоиҳо қурбон шуданд.

Намоиши эътирозии мусалмонҳо бо пуштибонӣ аз қавми Роҳинҷа рӯзи якшанбе дар Маскав баргузор шуд. Тазоҳурот дар ҳоле қатъ шуд, ки намояндаи номаълуме аз тарафи раҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров эътирозгаронро ба парокандашавӣ даъват кард.

Худи Қодиров дертар гуфт, ки агар Русия аз таъқиби Роҳинҷа пуштибонӣ кунад, ӯ ба ин мавқеъ мухолиф хоҳад буд. Рӯзи душанбе тазоҳуроти ҷонибдории Роҳинҷа дар Грозний, пойтахти Чеченистон баргузор шуд. Мақомоти Чеченистон мегӯянд, ки дар он беш аз миллион нафар иштирок кард. Аммо ба гуфтаи нашрияи "Кавказ-реалии" (тарҳи Радиои Озодӣ) теъдоди иштирокдорон бештар аз 150 ҳазор нафар набуд.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Толибон "қаттолтарин гуруҳи террористӣ" дар соли 2019

Маҳалли бомбгузории маргталабона дар Кобул дар рӯзи 13-уми ноябри соли 2019

Муаллифони як гузориши байналмилалӣ Толибонро "қаттолтарин гуруҳи террористии сол" номида ва гуфтаанд, ки соли 2018 қурбониёни дасти ин гурӯҳ назар ба қурбониёни дасти созмонҳои дигари террористӣ бештар будааст.

Шохиси Байналмилалии Терроризм, ки Пажуҳишгоҳи Иқтисод ва Сулҳ рӯзи 20-уми ноябр нашр кард, нишон медиҳад, маргумир аз дасти Толибон дар муқоиса ба соли 2018-ум 71 дарсад афзудааст.

Ин муассиса дар Австралия қароргоҳ дорад. Созмон мегӯяд, соли 2018 дар натиҷаи ҳамлаву бомбгузориҳои Толибон 6103 нафар ҳалок шудаанд, ки ин 38 дарсади маргумир аз амалҳои террористӣ дар саросари ҷаҳонро ташкил медиҳад.

Толибон дар соли 2019 мақоми гуруҳи ба ном “Давлати исломӣ”-ро, ки қаттолтарин гуруҳи террористӣ буд, гирифтааст.

Ба гуфтаи таҳиягарони Шохиси Байналмилалии Терроризм аз дасти ДОИШ 1328 нафар ҷон додаанд, ки дар муқоиса ба соли 2017 70 дар сад камтар аст. Дар умум, соли 2018 теъдоди онҳое, ки дар натиҷаи терроризм дар саросари ҷаҳон ба ҳалокат расидаанд, 15 дар сад камтар шуда, ба 15 952 нафар расидааст. Дар муқоиса ба чаҳор соли гузашта, теъдоди қурбониён ним баробар кам шудааст.

Бештар аз ҳама ҳамлаҳои террористӣ дар Ироқ камтар шудааст, ки баъд аз соли 2003 нахустин бор ҳамчун осебпазиртарин кишвар дар баробари терроризм ном бурда нашудааст.

Ироқ, ки соли 2017 аз шикасти ДОИШ хабар дод, баъд аз Нигерия ва Сурия саввумин кишвари осебпазир аз терроризм номида шудааст.

Дар гузориш омадааст, аксари ҳамлаҳои террористӣ дар кишварҳои гирифтори ҷанг рух додаанд.

Хонае, ки дар он Ҳитлер ба дунё омадааст, идораи пулис мешавад. ВИДЕО

Манзиле, ки як замон ба хонаводаи Адолф Ҳитлер тааллуқ дошт

Қарор аст, хонаеро, ки дар он соли 1889 Адолф Ҳитлер зода шудааст, ба идораи пулис табдил диҳанд. Мақомот умед доранд, ин иқдом чапгароҳои ашаддиро, ки ин хонаро ба макони зиёрат табдил медиҳанд, бозмедорад.

Неонатсистон ё қавмгароёни тозапайдо дигар наметавонанд ба зиёрати хонае, ки Адолф Ҳитлер зода шудааст, бираванд. Чунки эҳтимол онҳоро дар он ҷо боздошт кунанд. Вазорати корҳои дохилии Австрия эълон кард, биное, ки диктатор ба дунё омадааст, ба идораи пулис табдил медиҳанд.

Ин тасмим ба моҷаро дар атрофи бинои кӯчаи Залсбургер Ворштадт 15, ки дар шаҳраки Бранау ам Инн аст, поён мегузорад. Ҳудуди сад сол боз бино ба оилаи Пеммерҳо тааллуқ дошт.

Аввал дар ин бино меҳмонхона ҷойгир шуда буд, баъдан маркази кумак ба муътодон. Моликони бино барои ҷой кардани ин марказ аз давлат ҳудуди 5 ҳазор евро мегирифтанд. Аммо се сол пеш ин шарикии бахши хусусӣ ва давлат халалдор шуд.

Моликони хона шартномаро бекор карданд ва мақомоти Вена дар ташвиш афтоданд, ки мабодо бино ба дасти ҳаводорони Ҳитлер гузарад. Ҳатто порлумон маҷбур шуд, қонуни алоҳидае қабул кунад ва имкон дод бино ба ивази 800 ҳазор евро мусодира шавад.

Биноро акнун тармим мекунанд. Музояда дар фурсатҳои наздик эълон мешавад. Барои ширкат дар он меъморон аз тамоми қаламрави Иттиҳоди Аврупо даъват мешаванд.

Писари президенти пешини Олмон дар Берлин кушта шуд

Дар шаҳри Берлин Фритс фон Вайтсзеккери табиб, фарзанди президенти аввали Олмони муттаҳида Рихард фон Вайтсзеккер кушта шуд. Сабабҳои куштани ӯ ҳанӯз маълум нест. Замоне, ки Фритс фон Вайтсзеккер дар клиникаи хусусии Шарлотенбург, дар мавриди маризиҳои ҷигар суханронӣ мекард, шахси номаълум бо корд ҳамла карда, ба ӯ чанд зарбаи марговар задааст.

Пулисе, ки бо либоси мулкӣ миёни шунавандаҳо ҳузур дошт, талош кард ба ҳамлавар монеъа эҷод кунад, аммо худи ӯ ҳам сахт захмӣ шуд. Фритс фон Вайтсзеккер 59-сола буд ва дар клиникаи хусусии Шарлотенбург кор мекард. Нафари ҳамлавар боздошт шудааст.

Падари Фритс-Рихард фон Вайтсзеккер солҳои 1984-1994 президенти Олмон буд.

Замони Ҷанги Дувуми Ҷаҳон Рихард фон Вайтсзеккер дар ҷабҳаи шимол, аз ҷумла замони муҳосираи Ленинград дар атрофи ин шаҳр хидмат кардааст.

Шоҳидии Курт Волкер ва Тим Мориссон дар Конгресси Амрико

Фиристодаи пешини Амрико барои Украина Курт Волкер ҳамроҳ бо мақоми собиқи Шӯрои амнияти миллӣ Тим Моррисон шоми 19-уми ноябр давоми панҷ соат бо гуруҳе аз аъзои Конгресс дар бораи импичмент ё радди салоҳияти президент гуфтугӯ карданд.

Аъзои демократи Маҷлиси Намояндагон масъалаи эҳтимоли суистифодаи қудрат аз ҷониби Доналд Трамп ва талоши боздоштани кумакҳо ба як ҳукумати хориҷӣ ба хотири роҳандозӣ шудани тафтиши кори рақиби интихоботиашро таҳқиқ мекунанд.

Дар меҳвари ин ҳама таҳқиқот гуфтугӯи телефонии рӯзи 25-уми июли имсол миёни Доналд Трамп ва президенти Украина Владимир Зеленский қарор гирифтааст, ки дар ҷараёни он президенти Амрико аз Киев хост, муовини пешини президент Ҷо Байден ва писари ӯ Ҳантерро тафтиш кунад.

Трамп батакрор гуфт, ҳеч кори хато накардааст ва оғози ҷараёни радди салоҳияти президентро “дурӯғ” ва “шикори ҷоду” ва таҳқиқи Конгрессро “додгоҳи худсарона” арзёбӣ кард.

Дар ҷараёни муҳокимаҳои кушодаи 19-уми ноябр, Волкер зоҳиран баъзе баёноти гузаштаи худро каме тағйир дод. Вай гуфт, танҳо ба ҳамин наздикиҳо фаҳмид, ки ширкати украинии энержии “Бурисма” ба Ҳантер Байден тааллуқ дорад.

Трамп аз Зеленский хоста буд, дар баробари падараш парвандаи Ҳантер Байденро низ тафтиш кунанд.

Аз се ду ҳиссаи кӯдакони афғон аз ҷанг ҷабр дидаанд

Акс аз бойгонист.

Save The Children ё созмони "Наҷоти кӯдакон" мегӯяд, аз ҷангҳои дарозмуддат дар Афғонистон аз се ду ҳиссаи кӯдакони ин кишвар осеб дидаанд. Дар гузориши созмон аз рӯзи 19-уми ноябр омадааст, ин кӯдакон ё узви хонаводаро аз даст додаанд, маҷруҳ шудаанд ва ё шоҳиди ҷангу ҳамлаҳо будаанд.

Дар пурсише, ки миёни 700 калонсол ва кӯдакон дар чаҳор вилояти Афғонистон анҷом шуд, маълум гардидааст, ки аксари ноболиғон аз афсурдагӣ ва изтироб ранҷ мебаранд ва барои раҳоӣ аз ин ҳол ба хадамоти ҳаётан муҳим дастрасӣ надоранд.

Волидони пурсидашуда гуфтаанд, кӯдакон бештар аз ҳама дар роҳ ба мактаб метарсидаанд.

"Наҷоти Кӯдакон" менависад, 38 дарсади кӯдакон дар Афғонистон ба худ осеб мерасонанд ва бақия ба атфоли дигар муносибати дағалу хашин доранд.

Бино ба гузориши семоҳаи Барномаи кумаки Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон (UNAMA) соли гузашта барои кӯдакони афғон маргбортарин сол буд, чун дар ин сол 927 кӯдак кушта, беш аз 2100 нафари дигар захмӣ шуданд.

Ҳалокати ду сарбози амрикоӣ дар суқути чархбол дар Афғонистон

Низомиёни Амрико гуфтанд, ки бар асари суқути чархболе дар Афғонистон ду сарбози амрикоӣ кушта шудаанд. Бино ба изҳороти бахши матбуоти нирӯҳои Амрико дар Афғонистон, таҳқиқ дар бораи сабабҳои садама оғоз шуд.

Дар изҳорот гуфта шудааст, ки бар асоси маълумоти ибтидоӣ, чархбол ба асари "тирандозии душман" суқут накардааст. Ҷузъиёти дигар дастрас нест.

Толибон иддао карданд, ки чархбол соати яки шаби 20-уми ноябр дар минтақаи Чархи вилояти Лугар зада шуд ва ҳамаи сарнишинонаш ҷон бохтанд. Фавод Амон, сухангӯи Вазорати дифои Афғонистон, иддаои Толибонро рад кард.

Гурӯҳи Толибон борҳо масъулияти суқути чархбол ва ҳавопаймоҳои бесарнишинро бе он ки далел пеш биорад, ба уҳда гирифтааст.

Аз аввали имсол 19 сарбози амрикоӣ дар Афғонистон кушта шудаанд. Дар ҳоли ҳозир тақрибан 13 ҳазор нерӯи Иёлоти Муттаҳида дар Афғонистон ҳузур доранд.

Зарбаҳои ҳавоии Исроил ба чанд таъсисот дар Сурия

Зиреҳпӯшҳои Исроил дар Баландиҳои Ҷулон дар наздикии марзи Сурия дар рӯзи 19-уми ноябр. Исроил ин минтақаи стротегии Сурияро ишғол ва ба қаламраваш ҳамроҳ кардааст.

Артиши Исроил гуфт, дар посух ба мушакандозиҳо ба Баландиҳои Ҷулони зери назораташ ба даҳҳо таъсисоти низомиёни эронӣ ва Сурия дар қаламрави ин кишвар зарба задааст. Дар баёнияи артиш, омадааст, ки ҳавопаймоҳои ҷангӣ рӯзи 20-уми ноябр ба таъсисоти Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон аз ҷумла, мушакҳои замин ба ҳаво, анбори аслиҳа, пойгоҳҳоро ҳадаф гирифтанд.

Артиши Исроил ҳамчунин гуфт, ки баъзе аз тӯпхонаҳои дифои ҳавоии нерӯҳои Сурияро баъди оташ кушодан ба самти ҳавопаймоҳо нобуд кардааст. Як созмони нозири ҷанг гуфт, 11 размҷӯ аз ҷумла 7 хориҷӣ дар натиҷаи ҳамлаҳои ҳавоӣ кушта шудаанд. Пеш аз ин матбуоти давлатии Сурия гузориш дод, ки дар натиҷаи ҳамлаи мушакии Исроил дар наздикии шаҳри Димишқ ду ғайринизомӣ кушта шуданд ва чандин нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.

Мақомоти Эрон то кунун шарҳе дар ин бора надодаанд, вале Русия ҳамлаҳои Исроилро кори нодуруст номид. Исроил борҳо ба таъсисоти низомии Эрон дар Сурия зарба задааст, то аз талоши Эрон барои таъсиси пойгоҳи низомии доимӣ дар онҷо пешгирӣ кунад. Дар ҷанги дохилии 8 солаи Сурия Эрон дар баробари Русия ба ҳукумати раиси ҷумҳур Башшор Асад кӯмакҳои бисёр муҳим расондааст. Ин ҷанг моҳи марти соли 2011 баъди саркӯби хушунатбори тазоҳуроти мардум шурӯъ шуд.

Ҳушдори мақоми рус аз хатари ДОИШ пас аз ҳамла ба дидбонгоҳи "Ишқобод"

Игор Моргулов, муовини вазири умури хориҷии Русия.

Мақомоти Русия бо ишора ба ҳамла ба дидбонгоҳи марзии "Ишқобод" дар наздикии марзи Тоҷикистон ва Узбекистон гуфтаанд, ки хатари гурӯҳи "Давлати исломӣ" барои минтақа воқеӣ мебошад. Ин матлабро Игор Моргулов, муовини вазири умури хориҷии Русия дар ҳамоиши Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар бахши амнияту пешгирии тундгароӣ, баён додааст.

Ба навиштаи хабаргузории русии РИА Новости, оқои Моргулов барқарории субот дар Афғонистонро омили асосии сулҳ дар қаламрави кишварҳои узви СҲШ гуфтааст. Муовини вазири умури хориҷии Русия ҳамлаи хунбор ба дидбонгоҳи "Ишқобод"-ро далели ҷой доштани таҳдиди террористӣ дар минтақа хондааст.

Дар ҳамлаи шаби 6-уми ноябр ба дидбонгоҳи "Ишқобод" дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ ва дар марзи Тоҷикистону Узбекистон 15 ҳамлавар ва чанд тан аз нерӯҳои марзбонӣ ва милиса кушта, панҷ ҳамлавар дастгир шудаанд. Мақомот гуфтанд, ки ҳамла кори ҷангҷӯёни гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" аст ва ба иттилои расмӣ "онҳо аз ноҳияи Қалъаи Золи Афғонистон омадаанд".

ДОИШ низ масъулияти ҳамларо ба дӯш гирифт, вале ҳамчунон фарзия ва гумонзаниҳои дигаре дар ҷомеа ва расонаҳо вуҷуд дорад. Мақомоти Афғонистон ва чандин манбаи боварбахш дар мақомоти Тоҷикистон убури ҳаросафканонро аз марз рад кардаанд.

Дар доираи парвандаи изҳори нобоварӣ ба Трамп 4 шоҳид баёнот доданд

Сардори умури аврупоии Шӯрои амнияти миллии ИМА ва мутахассис оид ба Украина подполковник Александр Виндман рӯзи сешанбе дар ҷаласаи бози Кумитаи иктишофии Палатаи намояндагони Конгресс баромад кард.

Виндман 25-уми июли соли равон дар суҳбати телефонии президенти ИМА Доналд Трамп бо ҳамтои украиниаш Владимир Зеленский ҳузур дошт.

Мухолифони Трамп, ки ба барканорияш аз қудрат талош доранд, мегӯянд, президенти Амрико дар он суҳбат аз ҳамтои украинии худ хостааст, то зидди Хантер Байден, писари рақиби сиёсияш аз Ҳизби демократ Ҷо Байден тафтишотро оғоз кунад.

Виндман аз ин суҳбати Трамп нигарон шуда, дар бораи он ба додситони кули ИМА хабар додааст. Ба гуфтаи вай, "президенти ИМА ҳақ надошт, аз раҳбари як кишвари хориҷӣ тафтишот зидди шаҳрванди Амрико ва рақиби сиёсии худро талаб кунад".

Ба гуфтаи Виндман, додситони кулли Украина Юрий Лутсенко, шаҳрдори пешини Ню-Йорк ва вакили дифои шахсии Трамп Рудӣ Ҷулиан "иттилои дуруғеро паҳн карданд, ки сиёсати ИМА нисбат ба Украинаро ба ҳам мезанад".

Ҳамроҳ бо Виндман дипломат Ҷенифер Уилямс ҳам баёнот дод. Ӯ дар тими муовини президент Майк Пенс мушовир буд ва дар суҳбати Трамп бо Зеленский ҳузур дошт. Уилямс гуфт, суҳбати ду президент "ғайриодӣ" буд, зеро дар он "сиёсати дохилии ИМА" баҳс шуд.

Трамп баёноти Виндман Уилямсро дар Твиттер танқид карда, рӯзи сешанбе дар Кохи Сафед ба рӯзноманигорон гуфт, Виндманро намешиносад.

Дар доираи тафтиши изҳори нобоварӣ ба Доналд Трамп шоми сешанбе ду шоҳиди дигар - фиристодаи махсуси ИМА дар Украина Курт Волкер ва корманди Кохи Сафед Тим Миррисон бозпурсӣ шуданд.

Додгоҳи Қазоқистон ҳукми "ҷонибдорон"-и Аблязовро содир кард

Додгоҳе дар шаҳри Алмато 19 ноябр чаҳор сокини маҳаллиро, ки ба иштирок дар фаъолияти ҳаракати мамнуи "Интихоби демократии Қазоқистон" (ИДҚ) айбдор мешуданд, яксолӣ шартан аз озодӣ маҳрум кард.

Ҳабси пешакии ҳамаи гумонбарон тағйир ёфта, Гулзода Ҷаукерова, Оксана Шевчук ва Ануар Аширалиев аз толори додгоҳ озод шуданд. Гумонбари чаҳорум Жазира Демеуова аз моҳи сентябр ба ин сӯ дар ҳабси хонагӣ қарор дошт. Додгоҳ се нафарро ба корҳои ислоҳӣ маҳкум карда, Шевчук ба иллати модари серфарзанд буданаш озод шуд.

Қаблан додситон Муҳит Рисбеков дар мурофиаи 18 ноябр барои чаҳор сокини маҳаллие, ки ба иштирок дар фаъолияти ҳаракати мамнуи "Интихоби демократии Қазоқистон" (ИДҚ) айбдор мешаванд, дусолӣ ҳукми зиндон талаб кард. Ба гуфтаи Рисбеков, баёноти шоҳидон ва маводи парванда гуноҳи гумонбаронро пурра исбот кард.

Гумонбарон айбҳои эъломшударо рад карда, аз додрас хоста буданд, ки ҳукми одилона содир кунад.

Се гумонбар — Оксана Шевчуки 30-сола, Гулзода Ҷаукероваи 51-сола ва Ануар Аширалиеви 36-сола аз 4 июли соли равон дар боздоштгоҳи шаҳри Алмато нигаҳдорӣ мешуданд.

“Ҳудуди ним миллион шаҳрванди то 30-солаи Тоҷикистон аз таҳсил дур мондаанд"

“Ҳудуди ним миллион шаҳрванди то сисолаи Тоҷикистон ба ҳар шакле аз таҳсил дур мондаанд.” Ин хабарро масъули дафтари Бунёди кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Душанбе 19-уми ноябр ва дар рӯзи 30-солагии қабули Қатъномаи ҳуқуқи кӯдакон баён дошт. Тоҷикистон соли 1993 ба ин қатънома пайвастааст.

Намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон бо баргузории нишасте бахшида ба ин рӯз аз мушкил ва дастовардҳои кишвар дар раванди таъмини ҳуқуқи кӯдакон натиҷагирӣ кард.

Азим Иброҳим, муовини нахуствазири Тоҷикистон гуфт, “барои кӯдакон ҳамаи шароит фароҳам карда шудааст. Албатта, камбудҳо низ вуҷуд доранд, аммо омода ҳастем якҷо бо шарикон дар пайи беҳбуди вазъ иқдомҳоеро рӯйи даст бигирем. Намунаи равшани чунин тасмим бозгардондани кӯдакони тоҷик аз Ироқ аст, ки бо кумаки ЮНИСЕФ сурат гирифт”.

Лучано Калестинӣ, роҳбари намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон гуфт, фарзандони муҳоҷирони тоҷик, ки низ аз таълиму тарбия дур мондаанд, мояи нигарони мақомот мебошанд. Вай афзуд, феълан ҳукумати Тоҷикистон 32 барномаро барои беҳбуди вазъи кӯдакон мавриди иҷро қарор додааст, аммо бештаре аз онҳо ба хотири камбуди маблағ пурра иҷро нашудаанд.

Нуриддини Саид, вазири маориф ва илми Тоҷикистон, дар посух ба ин нигарониҳо гуфт, камбуди маблағ наметавонад садди иҷрои барномаҳо шавад: “Роҳҳои дигари дарёфти маблағ вуҷуд доранд. Ҳукумат метавонад маблағҳои қарзиро барои иҷрои ин барномаҳо ҷалб кунад. Ҳамчунин метавонем аз маблағҳои соҳибкорони баномуси худамон истифода кунем. Аз ҳамаи сарчашмаҳое, ки қонунгузории Тоҷикистон онро манъ накардааст, метавонем маблағҳои заруриро барои иҷрои ин барномаҳо ҷалб кунем ва ба ҳадафҳои ин барномаҳо то соли 2030 даст ёбем.”

Намояндагии ЮНИСЕФ ҳисоб кардааст, ки барои иҷрои пурраи ин барномаҳо то соли 2030 маблағи баробар ба 16 миллиард доллар зарур аст. Маълум нест, мақомот ин пулро ба зудӣ пайдо хоҳанд кард ва ё аз таҳсил дур мондани кӯдакону наврасон ва мушкили дигари онҳо солҳо ҳалношуда мемонад.

Сенатори амрикоӣ: Барои озодии матбуот дар Тоҷикистон тамоми талошро мекунем

Сенатор Ҷим Рисч (Jim Risch), раиси Кумитаи равобити хориҷии Сенати Амрико дар мулоқот бо Ҷейми Флай, президенти Радиои Аврупои Озод/ Радиои Озодӣ таъкид кардааст, ки ҳама талошашонро барои озодии матбуот дар Тоҷикистон анҷом хоҳанд дод.

Дар ин мулоқот, ки рӯзи 13-уми ноябр сурат гирифтааст, раиси Кумитаи равобити хориҷии Сенати Амрико аз нақши Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ дар ироаи хабарҳои дуруст ва дақиқ таъкид карда, ба масъалаи мушкили иҷозатномаи фаъолияти кормандони Радиои Озодӣ дар Тоҷикистон ишора намудааст.

“Ниҳодҳое чун Радиои Аврупои Озод дар сафи аввал барои озодии матбуот дар саросари Аврупо ва Осиёи Миёна истодааст,” -- гуфтааст раиси Кумитаи равобити хориҷии Сенати Амрико.

Вай афзуд, ахиран бо чанд мақоми баландпояи сенат ба президент Эмомалӣ Раҳмон ба пуштибонӣ аз гузоришҳои Радиои Озодӣ дар дохили он кишвар нома фиристоода, аз ҳукумат хоста буданд, ки тибқи қонунҳои Тоҷикистон ба хабарнигорони ин радио иҷозатномаи фаъолият диҳанд.

Масъалаи аккредитатсия ё парвонаи кори журналистони Радиои Озодӣ аз моҳи апрели имсол доғ шуд ва имрӯз 11 хабарнигору корманди фаннии намояндагии он дар Душанбе аз ҳаққи кор маҳрум мондаанд. Рӯзи 31-уми октябр, пас аз баёнияҳои бешумори созмонҳои байнулмилалӣ ва ватанӣ Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ба 6 хабарнигор парвонаи нимсола ва ба як нафар семоҳа дод. "Ин барои мо қобили қабул нест ва ман ба фишори ҳукумати Тоҷикистон барои озодии матбуот идома хоҳам дод," -- гуфтааст Ҷим Рисч.

Дар оғози моҳи ноябри имсол президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ Ҷейми Флай бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард. Ин дидор бо дархости Радиои Озодӣ дар ҷараёни сафари президенти Тоҷикистон ба Аврупо, дар Сюрихи Швейтсария сурат гирифт. Ду тараф вазъ ва шароити кори хабарнигорон ва кормандони Радиои Озодӣ дар Тоҷикистонро баррасӣ намуданд.

Амрико мавқеашро нисбат ба шаҳраксозии яҳудиҳо тағйир додааст

Майк Помпео

Майк Помпео, котиби давлатии Амрико рӯзи 18-уми ноябр гуфт, ки Иёлоти Муттаҳида мавқеашро нисбат ба шаҳраксозии яҳудиҳо дар Соҳили ғарбии дарёи Урдун тағйир додааст.

Вашингтон дигар ба ин назар нест, ки шаҳраксозӣ ҳуқуқи байналмилалиро поймол мекунад. Помпео гуфт, мавқеи Соҳили ғарбӣ бояд дар пайи гуфтугӯи Исроил бо фаластиниҳо таъйин гардад.

Ин тасмими Вашингтон аз мавқеи ҳукумати президенти пешини Амрико Барак Обама аз реша фарқ мекунад. Дар соли 2016 котиби давлатии вақти Амрико Ҷон Керрӣ расман тасдиқ карда буд, ки Иёлоти Муттаҳида шаҳраксозиро ғайриқонунӣ медонад.

Исроил аз мавқеи нави Амрико истиқбол кард. Дар ҳукумати Исроил гуфтанд, ҳамакнун "хатои таърихӣ" ислоҳ шуд.

Намояндагони Маҳмуд Аббос, роҳбари Фаластин тасмими Амрикоро "хилофи ҳуқуқи байналхалқӣ" унвон карданд. Масъулони Иттиҳоди Аврупо гуфт, мухолифат ба шаҳраксозиро давом хоҳад дод. "Иттиҳоди Аврупо аз Исроил даъват мекунад, ки шаҳраксозиро қатъ кунад", - гуфт Федерика Моғеринӣ, роҳбари сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо.

Исроил дар пайи Ҷанги шашрӯза дар соли 1967 Соҳили ғарбиро ишғол кард. Аз он замон то кунун дар ин минтақа 140 шаҳраки яҳудӣ сохта шудааст, ки дар ҳоли ҳозир онҷо наздики 600 ҳазор одам истиқомат мекунад. СММ, Русия, Иттиҳоди Аврупо ва аксари кишварҳои дунё амалкарди Исроилро ғайриқонунӣ унвон мекунанд.

Ҳуҷҷатҳои ронандагии сокинони Ишқободро тамдид намекунанд

Ронандагон дар шаҳри Ишқободи Туркманистон бо мушкили тамдиди ҳуҷҷатҳои ронандагӣ рӯ ба рӯ ҳастанд.

"Дар шаҳри Ишқобод ба заноне ҳуҷҷати ронандагии нав намедиҳанд, ки муҳлати 10-солаи ҳуҷҷатҳояшон ба поён расидааст. Дар идораи Бозрасии давлатии автомобилӣ ҳуҷҷатҳои онҳоро қабул намекунанд",-иттилоъ дод хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ аз шаҳри Ишқобод.

Ба гуфтаи хабарнигор, занҳо аз ибтидои соли ҷорӣ аст, ки ба ин мушкил рӯ ба рӯ ҳастанд. Номгӯи санадҳое, ки барои дарёфти ҳуҷҷати ронандагӣ муҳим ҳастанд, хеле тӯлонист. Аз ҷумла, нусхаи шиноснома, ҳуҷҷати пешини ронандагӣ, нусхаи санади имтиҳон, нусхаи шаҳодатномаи никоҳ, ҳамчунин се санади дигари тиббӣ.

"Дар посух ба ин талаб, ки чаро ҳуқуқи занҳоро поймол мекунед, бархе аз нозирон мегӯянд, дастури шифоҳие аз боло содир шудааст",-гуфт хабарнигор.

Ин дар ҳолест, ки барои ҳалли мушкил бархе аз занон ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла додситонӣ муроҷиат мекунанд. Аммо дар додситонӣ ба ҳамаи шикояткунандагон посухи қолабӣ медиҳанд: "Ҳамаи ҳуҷҷатҳои лозимиро ҷамъоварӣ карда, ба БДА муроҷиат намоед".

Рад шудани 90% даъвои сармоягузорони турк нисбати ҳукумати Узбекистон

Додгоҳи Маркази байналхалқии танзими даъвоҳои сармоягузорӣ (ICSID), ки даъвои ширкати туркии Güneş Tekstil Konfeksiyon Sanayi ve Ticaret Limited Şirketi ва шахсони дигарро нисбати Узбекистон баррасӣ мекард, дастур дод, 10 дарсади ҳаҷми умумии зарар ба ширкат пардохт шавад. "Талаб ва даъвоҳои дигарро додгоҳ рад кард", хабар дод вазорати адлияи Узбекистон.

Додгоҳи Маркази байналхалқии танзими даъвоҳои сармоягузорӣ (ICSID) даъвои 180 миллион долларии соҳибкорони туркро нисбати ҳукумати Узбекистон комилан рад кард. Додгоҳ гуфт, ҳаҷми зарари моддӣ ғайривоқеӣ нишон дода шудааст. Бо қарори додгоҳ, ширкати туркӣ ҳамагӣ 26 миллион доллар ҳамчун ҷуброни зарар дарёфт хоҳад кард.

"Додгоҳ даъвои соҳибкоронро дар бораи муносибати бераҳмона баррасӣ накард. Аз ҳамин хотир ҳамаи даъвои Воҳид Гюнеш дар бораи муносибати бераҳмона якҷониба аст",-омадааст дар хабари вазорати адлияи Ӯзбекистон.

Ба иттилои расонаҳо, додгоҳ даъвои соҳибкори туркро 7 сол баррасӣ ва ниҳоят 4 октябри соли ҷорӣ қарор қабул кард.

Бо қарори додгоҳ, ҳукумати Узбекистон дар маҷмуъ вазифадор шудааст, ки ба ширкати туркӣ 40 миллион доллари ИМА ҷуброн пардозад. Ин ҳам дар ҳолест, ки ширкати туркӣ ҳаҷми зарари худро 180 миллион доллар баҳо дода буд.

Воҳид Гюнеш, соҳибкори турк баъди ҳафт соли фаъолият дар Узбекистон боздошт ва нуҳ моҳ ҳабс шуд. Додгоҳи Узбекистон ӯ ва ҳафт соҳибкори дигарро дар напардохтани андоз ва "густариши иқтисоди соягӣ" айбдор донист. Маркази тиҷории Turkuaz соли 2011 баста шуд. Баъди он ки соҳибкорони турк ба мақомоти Узбекистон 700 ҳазор доллар пардохт карданд, аз боздошт раҳо ва аз ин кишвар ихроҷ шуданд.

Нерӯҳои махсус роҳ ба бинои порлумони Гурҷистонро боз карданд

Нерӯҳои таъиноти махсуси Вазорати умури дохилии Гурҷистон тавонистанд, роҳро ба як қисми бинои порлумон боз кунанд, ки қаблан аз сӯи эътирозгарон бо талаби истеъфои ҳукумат ва баргузории интихоботи пеш аз муҳлат ғасб шуда буд.

Эътирозҳо дар Тифлис пас аз он оғоз шуданд, ки ҷиноҳи аксарияти ҳизби ҳокими "Орзуи Гурҷистон" зидди тағйиру иловаҳо барои гузариш ба интихобот аз рӯи феҳристи ҳизбӣ раъй дод.

Нерӯҳои махсуси Вазорати умури дохилии Гурҷистон пас аз муҳлати сидақиқаӣ ихроҷи мухолифон аз атрофи бинои порлумонро оғоз карданд.

Эътирозгарон бо даъвати раҳбарони худ ба нерӯҳои таъиноти махсус муқобилати ҷиддӣ нишон надоданд.

Раҳбарони мухолифони Гурҷистон гуфтанд, мақомот бо кушодани роҳ ба бинои порлумон тавассути нерӯ ба ҷое нахоҳанд расид ва сар аз рӯзи сешанбе эътирозҳо дар саросари ин кишвар оғоз хоҳанд шуд.

Русия киштиҳои низомии Украинаро баргардонд

Русия киштиҳои низомии "Бердянск" ва "Никопол"-ро, ки моҳи ноябри соли 2018 дар соҳилҳои нимҷазираи Қрим ғасб карда буд, ба Украина баргардонд. Дар ин бора хабаргузории ТАСС бо истинод ба Вазорати умури хориҷии Русия иттилоъ дод.

Дар Вазорати умури хориҷии Русия гуфтанд, ки киштиҳо дар парвандаи ғайриқонунӣ гузаштани марзи ин кишвар далелҳои шайъӣ буданд. Ба гуфтаи вазорат, киштиҳо пас аз ба поён расидани тафтишот баргардонида шуданд.

Пештар ёвари президенти Украина Андрей Ермак хабар дод, ки марҳалаи баргардонидани киштиҳо анҷом ёфт. Нашрияи "Коммерсант" иттилоъ дод, ки ҷониби Русия ва Украина ба созиш расиданд, ки то мулоқоти "шакли нормандӣ" масъаларо ҳал намоянд.

Низомиёни Украина 25 ноябри соли 2018 хабар доданд, ки киштиҳои кишварашон дар тангнои Керч бо истифода аз силоҳ ғасб ва шаш маллоҳ захмӣ шуданд. Ҳамроҳ бо киштиҳо 24 маллоҳ низ дастгир шуданд. Хадамоти амнияти Русия (ФСБ) гуфт, низомиёни ин кишвар ба самти киштиҳои зиреҳпӯши "Бердянск" ва "Никопол" оташ кушоданд.

Идораи амнияти Қрим афзуд, ки се киштии низомии Украина "ғайриқонунӣ" марзи Русияро убур карда, дар роҳ ба тангнои Керч амалҳои хатарноке анҷом доданд. Вале Киев ин иддаоро рад кард.

Маллоҳони украин моҳи сентябри соли равон дар доираи барномаи табодули асирон миёни Москва ва Киев ба ватан баргаштанд.

Қирғизистон тайи солҳои истиқлол $10 млрд кумак дарёфт кардааст

Қирғизистон тайи солҳои истиқлоли худ аз шариконаш дар ҳаҷми 10,5 миллиард доллар кумак дарёфт кардааст.

Ба гуфтаи Даниёр Имоналиев, сардори шуъбаи рушди стратегӣ, иқтисод ва молияи дастгоҳи президенти Қирғизистон, маблағи мазкур ба соҳаҳои иқтисодӣ аз қабили нақлиёт, энержӣ, обёрӣ, тандурустӣ, маориф, ҳолатҳои изтирорӣ ва муҳити зист ҷудо шудааст.

Қарор аст, 19-уми ноябр дар шаҳри Бишкек ҳамоиши сармоягузории "Тезонидани ислоҳот барои рушди боустувор" бо иштироки президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков ва намояндагони 25 созмони байналмилалӣ баргузор шавад.

Иштирокдорон масъалаҳои рушди минтақаҳо, фазои сармоягузорӣ, рушди сармояи инсонӣ, идораи манбаъҳои обӣ, муҳити зист ва ҳолатҳои изтирориро баррасӣ хоҳанд кард.

Додситони қазоқ хост, "ҷонибдорон"-и Аблязов дусолӣ зиндонӣ шаванд

Додситон Муҳит Рисбеков дар мурофиаи 18 ноябр барои чаҳор сокини маҳаллие, ки ба иштирок дар фаъолияти ҳаракати мамнуи "Интихоби демократии Қазоқистон" (ИДҚ) айбдор мешаванд, дусолӣ ҳукми зиндон талаб кард.

Ба гуфтаи Рисбеков, баёноти шоҳидон ва маводи парванда гуноҳи гумонбаронро пурра исбот кард. Вакили дифоъ Галим Нурпеисов хост, мухолифи қазоқ ва раҳбари ИДҚ Мухтор Аблязов, ки дар хориҷ ба сар мебарад, ба тариқи видеоӣ бозпурсӣ шавад. Додрас Куралай Дарханова дархости вакили дифоъро қабул кард, вале гуфт, Аблязов бояд ба додгоҳ эҳзор шавад.

Гумонбарон айбҳои эъломшударо зидди худ рад карда, аз додрас хостанд, ки ҳукми одилона содир кунад. Қарор аст, 19 ноябр ҳукм эълом шавад. Се гумонбар — Оксана Шевчуки 30-сола, Гулзода Ҷаукероваи 51-сола ва Ануар Аширалиеви 36-сола аз 4 июли соли равон дар боздоштгоҳи шаҳри Алмато нигаҳдорӣ мешаванд. Гумонбари чаҳорумӣ Жазира Демеуоваи 48-сола дар ҳабси хонагӣ аст.

Дар ҳамла ба як маркази низомӣ дар Кобул 5 нафар захмӣ шуд

Намояндагони расмии ҳукумати Афғонистон гуфтанд, ки на кам аз чаҳор сарбози Артиши миллии Афғонистон ва як мулкӣ дар ҳамла ба маркази омӯзишии ҳарбӣ дар Кобул маҷрӯҳ карда шуданд.

Сухангӯи Вазорати дифоъ Фуад Амон ба Радиои Озодӣ гуфт, 18-уми ноябр ҳамлагарони ношинос ба сӯи дарвозаи бинои низомӣ дар канори ғарби Кобул ду норинҷак партофтанд. Сухангӯи Вазорати корҳои дохилӣ гуфт, ин ду таркиш аз тарафи маргталабон анҷом шудаааст.

Касе масъулияти ин ҳамларо ба дӯш нагирифт.

Ин ҳамла пас аз панҷ рӯзи таркиши мошини як маргталаб рӯй дод, ки корвони мошинҳои ширкати хусусии амниятро дар Кобул нишон гирифта буд. Дар он ҳодиса 12 нафар кушта шуд. Ҳам Толибон ва ҳам гурӯҳи "Давлати исломӣ" бисёр вақт нерӯҳои амниятӣ ва мансабдорони ҳукуматии Афғонистонро дар Кобул ва дигар ҷойҳои кишвар нишон мегиранд.

Ҳафтаи гузашта президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ эълон кард, ки се зиндонии баландпояи Толибонро озод карданд, аммо сипас онҳоро ба зиндон баргардонд. Ду устоди Донишгоҳи Амрикоии Афғонистон дар Кобул – Кевин Кинг аз ИМА ва Тимоти Векси аз Австралия – бояд бо онҳо доду гирифт мешуданд. Толибон онҳоро соли 2016 рабудаанд.

Додгоҳи Душанбе як "прапоршик"-ро барои латту кӯби сарбоз ҷазо дод

Додгоҳи ҳарбии гарнизони шаҳри Душанбе як "прапоршик"-и Вазорати дифои Тоҷикистонро бо гуноҳи латту кӯби сарбозе ҷазо додааст. Мақомоти додгоҳ гуфтанд, латту кӯби сарбоз Ҷумъахон Кенҷаев аз сӯи прапоршик Талабшоҳ Қамаров 13-уми августи имсол рух додааст. Қарори додгоҳ 31-уми сентябр содир шуда, хулосаи он 15-уми ноябр дар сомонаи расмии додгоҳи шаҳри Душанбе нашр шуд.

Назари Қамаров ва вакили мудофеи ӯ дар ин бора маълум нест.

Аз Додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе рӯзи 18-уми ноябр гуфтанд, Талабшоҳ Қамаров, ки чаҳор сол боз дар мақоми сардори хадамоти истифодабарии манзилии қисми ҳарбии 16772-и Вазорати дифоъ кор мекард, ба "ҷинояти мансабӣ" даст задааст.

Манбаъ дар шарҳи ҳодиса гуфт, Талабшоҳ Қамаров рӯзи вуқӯи ҳодиса ба хобгоҳи сарбозони ротаи тирандозии савораи М-3-80-и қисми низомӣ ворид шуда, ба навбатдор Ҷумъахон Кенҷаев "супориши ғайриоинномавӣ" додааст ва сарбоз аз амри ӯ сарпечӣ кардааст.

Дар натиҷа прапоршик бо бастаи калидҳо ба сари ӯ зада, латту кӯб намудааст. Манбаъ мегӯяд, бар асоси натиҷаи ташхиси тиббиву додгоҳӣ, Кенҷаев аз сараш ҷароҳат бардошта, зарари ӯ "сабук" мебошад. Бо қарори додгоҳ, Талабшоҳ Қамаров ба андозаи 100 нишондиҳандаи ҳисобҳо (5500 сомонӣ) ҷарима шудааст. Бо ин вуҷуд, ӯ ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайянро дорад.

Шикоят аз латту кӯби сарбозони тоҷик ҳодисаи нав набуда, борҳо тавассути расонаҳо садо додааст. Коршиносон мегӯянд, бадрафторӣ сабаб шудааст, ки баъзе ҷавонон аз хидмат дар артиш сарпечӣ мекунанд.

Эътилофи зидди шиканҷа дар як гузориши худ дар охири соли 2016 навишта буд, ки дар солҳои 2014-2016 дар қисмҳои ҳарбии Тоҷикистон 59 сарбоз мавриди шиканҷаву бадрафторӣ қарор гирифта, 11 нафар ба ҳалокат расидааст.

Даргузашти модари Ҳоҷӣ Ҳалим дар 78-солагӣ

Абдуҳалим Назарзода

Гулбибӣ Сулаймонова – модари Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим) – муовини пешини вазири дифои Тоҷикистон, ки мақомот ӯро ба ташкил ва роҳбарии ошӯби моҳи сентябри 2015 айбдор карданд, дар 78-солагӣ даргузаштааст. Назарзода ҳамроҳ бо се бародараш дар амалиёти чаҳор сол пеш дар дараи Ромит кушта шуданд.

Фирӯз Назаров, набераи Гулбибӣ Сулаймонова, рӯзи 18-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, модарбузургаш то як сол пеш аз марги Ҳоҷӣ Ҳалим хабар надошт. Ин зан соҳиби ҳафт писар ва се духтар будааст. Ҳоло ду писараш дар зиндон ҳастанд. Писари дигараш дар озодӣ ва дар Русия аст.

Абдуҳалим Назарзода бо истифода аз квотаи 30-дарсадӣ аз тарафи мухолифин ба кор дар Вазорати мудофиа пазируфта шуда буд ва солҳои ахир ба ҳайси муовини вазир кор мекард.

Мақомот дар ташкили ба гуфтаи онҳо ошӯб ё қасди табаддулот раҳбарияти ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломиро гунаҳкор карданд. Раҳбарияти ҳизб дар хориҷа ҳамвора ин иттиҳомотро рад карда, гуфтаанд, тамоми кӯшиши мақомот барои аз саҳнаи сиёсат дур кардани онҳо буд.

Вазъият пас аз се рӯзи эътирозҳо дар Эрон

Пас аз се рӯзи якбора баланд шудани нархи сӯзишворӣ, ки сабаби эътирозҳои марговар дар даҳҳо шаҳру ноҳияҳои Эрон шуд, вазъ ҳанӯз дар ин кишвар шиддатнок мемонад.

Рӯзи 18-уми ноябр ҳолат дар кӯчаҳо номуайян буд. Баста шудани Интернет аз тарафи мақомоти давлатӣ ҷараёни паҳн кардани видео ва иртибототро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нигоҳ дошт.

Мақомоти расмӣ гуфтанд, дар задухӯрдҳо шаш нафар кушта шуданд, аз ҷумла се эътирозгар, ду узви нерӯҳои амниятии Эрон ва як посбони амниятӣ, аммо гузоришҳо аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки шумораи кушташудагон метавонад зиёдтар бошад. Бархе аз манобеъ онро зиёда аз 40 нафар меноманд.

"Франс-Пресс" аз қавли сухангӯи ҳукумати Эрон Алӣ Рабеӣ гуфта, ки вазъ "ором" аст, гарчанде ки "баъзе масъалаҳои ночиз ҳастанд". Бархе аз видеоҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шудаанд, нишон медиҳанд, қувваҳои ҳукуматӣ ба эътирозгарон тир мепарронанд.

Ба гузориши расонаҳои эронӣ, камаш 5 донишгоҳ дар шаҳрҳои Теҳрон, Исфаҳон, Шероз ва ҷойҳои дигар баста шуданд, дар ҳоле ки дар зиёда аз 17 шаҳри 5 вилоят мактабҳо бастаанд. Мақомот ҳушдор додаанд, ки ба идома намоишҳо вокуниши сахт нишон хоҳанд дод.

Эътирозҳо 15-уми ноябр, пас аз он сар зад, ки ҳукумат эълом дошт таҳримҳои Амрико сабаби бо ҳисса фурӯхтани сӯзишворӣ ва кам кардани ёрдампулиҳо шудааст. Амрико истифодаи нирӯро дар баробари эътирозгарон ва бастани дастрасиро ба шабакаҳои иҷтимоӣ дар Эрон маҳкум кард.

Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари олии Эрон рӯзи якшанбе гуфт, "оташ задани биноҳо кори мардум нест, балки кори душманон аст." Хоманаӣ аз тасмими ҳукумат дар заминаи афзоиши қимати бензин дар Эрон пуштибонӣ кард.

Дар Белорус номзадҳои мухолиф аз порлумон берун монданд

Комиссияи марказии интихоботии Белорус натиҷаҳои пешакии интихоботи порлумониро эълом кард.

Аз 110 довталаби нав, ки соҳиби мандати вакилӣ шуданд, ҳеч кадомашон номзади ҳизбҳои мухолиф нестанд. Дар порлумони гузашта ду тан аз вакилони порлумон номзади мухолифон буданд. Ҳамакнун дар порлумони нав Ҳизби коммунистии Белорус 11 вакил, Ҳизби либерал-демократии Белорус 1 вакил, ҳизбҳои ҳукуматгаро 9 вакил хоҳанд дошт.

Дар интихоботи рӯзи 17 ноябр 7 ҳизб ва ҳаракати мухолиф ширкат дошт, аммо ҳеч кадоми онҳо раъйи кофӣ барои ворид шудан ба порлумонро соҳиб нагардиданд. 30 тан аз вакилони порлумони пешин дубора номзад ва пирӯз шуданд.

Нозирони мустақил мегӯянд, шумори интихобкунандагон дар раъйдиҳӣ кофӣ набуд ва интихоботи кунинӣ пеш аз муҳлат баргузор шудааст.

ИМА истифодаи нирӯ ба зидди норозиён дар Эронро маҳкум кард

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико истифодаи нирӯ дар баробари эътирозгарон ва маҳдудияти шадиди иртиботи маҷозиро дар Эрон маҳкум кард. Дар изҳороти Кохи Сафед, ки рӯзи 17-уми ноябр нашр шуд, аз “мардуми Эрон ва тазоҳуроти сулҳомезашон” ҳимоят шудааст.

Тазоҳурот дар Эрон пас аз он роҳандозӣ шуд ва ба сад шаҳру минтақаи ин кишвар густариш ёфт, ки ҳукумат фурӯши бензинро маҳдуд кард ва нархи онро боло бурд. Мақомот дар Эрон аз иқдоми шадид дар баробари эътирозҳои густарда ҳушдор доданд.

Ба гузориши расонаҳои давлатии Эрон, дар ҷараёни тазоҳурот чанд бино вайрону оташ зада шудаанд. Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари олии Эрон, рӯзи якшанбе гуфт, “оташ задани биноҳо кори мардум нест, балки кори душманон аст.”

Хоманаӣ аз тасмими ҳукумат дар заминаи афзоиши қимати бензин дар Эрон пуштибонӣ кардааст. Хабаргузории “Форс” гузориш дод, ки то ҳоли ҳудуди ҳазор нафар дастгир шудаанд.

Ба гузориши хабаргузории ИСНО, як пулис дар ҷараёни бархӯрд бо эътирозгарон дар шаҳри Кирмоншоҳ кушта шудааст.

Пеш аз ин мақомҳои маҳаллӣ дар шаҳри Сирҷон гуфта буданд, ки як нафар дар тазоҳурот дар ин шаҳр кушта шуда, чандин нафар ҷароҳат бардоштаанд.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

Гуфтугӯ бо Анваршоҳ Мирзоев дар бораи вазъи футболи тоҷик
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:18 0:00
XS
SM
MD
LG