Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Матбуот: нерӯҳои Сурия ба ишғоли Дайр Аз-Зур наздик шудаанд


Тӯпхонаҳои артиши Сурия дар сарҳади шаҳри шарқии Дайр Аз-Зур
Тӯпхонаҳои артиши Сурия дар сарҳади шаҳри шарқии Дайр Аз-Зур

Матбуоти давлатии Сурия мегӯяд, ки нерӯҳои ҳукумат ва муттаҳидини онҳо ба шаҳри шарқии Дайр Аз-Зур, ки се сол боз таҳти назорати гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ" аст , наздик шуданд.

Телевизиони давлатии Сурия рӯзи 4 сентябр гуфт, ки нерӯҳои пешсаф дар секилометрии анклав қарор доранд, дар ҳоле, ки хабаргузории SANA аз "фурӯпошӣ"-и низоми дифоии ДИИШ гузориш дод.

Воҳиди матбуоти низомии таҳти назари гурӯҳи шиъамазҳаби Ҳизбуллоҳи Лубнон гуфт, ки онҳо ба самти гарнизони ишғолшудаи воқеъ дар канораҳои шаҳр ҳаракат доранд.

Ба гуфти Вазорати дифои Русия нерӯҳои ҳавоии ин кишвар ба пешрафти нерӯҳо аз ҳаво кӯмак мекунанд.

Гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ" бахше аз Дайр Аз-Зур, макони саноати нафт ва бахши умдаи манотиқи атрофи вилоятро таҳти назорат дорад.

Баъди амалан ба дасти Курдҳои Сурия ва мутафиқини араби онҳо гузаштани ба истилоҳ "пойтахти ДИИШ" - шаҳри "Раққа, Дайр Аз-Зур охирин истеҳкоми умдаи ин гурӯҳи тундрав дар Сурия номбар мешавад. Ийолоти Муттаҳида аз Курдҳои Сурия ва муттаҳидини онҳо пуштибонӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG