Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳилоли Аҳмар дар Душанбе барои ниёзмандон гӯшт тақсим кард


Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон рӯзи 2-юми сентябр ба 1500 ниёзманд дар Душанбе 3 килограми гушти қурбонӣ тақсим кард. Ба иттилои Маркази иттилоотии Ҳилоли Аҳмар, гуштҳоро сафорати Туркия дар Душанбе дар ихтиёри ин ниҳод гузошт ва корманону волонтерҳои ҷамъият онро ба ниёзмандон тақсим намуданд.

Ба иттилои манбаъ, "дар чаҳор ноҳияи шаҳри Душанбе 4 тоннаву 605 кило гӯшти гов тақсим шуд. Рӯйхати ниёзмандонро мақомоти маҳаллии пойтахт дастраси Ҷамъият карданд, ки аз ҳар ноҳия 375-нафарӣ кӯмак дарёфт карданд."

Ба гуфтаи Нодир Аминзода, корманди Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар, аз кӯмакҳои ин ниҳод 30 хона-интернат аз вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе низ бархӯрдор шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, аз маркази иттилоотии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар хабар доданд, ки 28-уми август дар ҳамкорӣ бо Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Қатар 200 нафар шахсони имконияташон маҳдуд ва ниёзмандони 4 ноҳияи шаҳри Душанбе, кӯмак дарёфт кардаанд.

Ин кӯмакҳо аз қабили орд ба миқдори умумии 10 тонна (50 кг. ба ҳар як оила), 1 тонна шакар (5 кг. ба ҳар як оила), 1000 литр равғани растанӣ (5 л. ба ҳар як оила) ва 1 тонна биринҷ (5 кг. ба ҳар як оила) иборат будааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG