Пайвандҳои дастрасӣ

Трамп истифодаи нирӯ алайҳи Пхенянро соқит намекунад


Раҳбари Кореяи Шимолӣ Ким Йонг Ун

Раиси ҷумҳури Амрико Доналд Трамп эҳтимоли истифодаи нирӯ алайҳи Куриёи Шимолиро, ки ахиран бомбаи ҳидрогениро озмоиш дод, соқит намекунад. Трамп дар посух ба суоли рӯзноманигорон дар ин бора гуфт, ки "мебинем".

Трамп дар Твиттер навишт, ки ИМА якҷо бо кишварҳои дигар имкони қатъи равобит бо давлатҳоеро баррасӣ дорад, ки бо Куриёи Шимолӣ ҳамкориҳои тиҷорӣ доранд.

Вазири молияи ИМА Стивен Мнучин гуфт, ки тасмим дорад, маҷмуаи нави таҳримҳои зидди Пхенянро пешниҳод кунад. Ӯ дар суҳбат бо Fox News афзуд, ки ба президент Трамп муроҷиат мекунад, то қатъи робитаҳои тиҷоратӣ бо Куриёи Шимолиро ба таври ҷиддӣ баррасӣ кунад.

Президентҳои Чину Русия -- Си Ҷин Пин ва Владимир Путин гуфтанд, ки ба халъи силоҳи ҳастаӣ дар нимҷазираи Куриё талош мекунанд. Путин дар суҳбати телефонӣ бо сарвазири Ҷопон Синдзо Абэ низ вазъ дар минтақаро баррасӣ кард. Ҷонибҳо озмоиши мушакии ахири Куриёи Шимолиро маҳкум карданд.

Пештар мақомоти Куриёи Ҷанубӣ гуфтанд, ки Шӯрои амнияти СММ барои пурра дар инзиво қарор додани Куриёи Шимолӣ бояд зидди Пхенян таҳримҳои нав эълом кунад.

Куриёи Шимолӣ 3 сентябр хабар дод, ки бомбаи ҳидрогенияшро бо муваффақият озмоиш кард. Телевизиони давлатии Куриёи Шимолӣ хабар дод, ки кулоҳаки озмоишшуда дар бомбаҳои болдори байниқитъавӣ насб карда мешавад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG