Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эълони рӯзи миллии дуо ба хотири қурбониёни "Ҳарвей" дар Амрико


Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико
Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, даъват кард, ки рӯзи 3-юми сентябр дар ин кишвар рӯзи миллии дуо ба хотири қурбониёни селу тӯфон дар Техасу Луизиана эълон бишавад. Трамп ва ҳамсараш Мелания рӯзи 2-юми сентябр бо осебдидагони сел дар шаҳри Ҳюстон, чаҳорумин шаҳри бузурги Амрико, мулоқот кард.

Ӯ бо ситоиш аз талошҳои мақомоти шаҳр гуфт, "ба мардуме, ки аз тӯфони Ҳарвей зиён дидаанд, мегӯем, мо қадам ба қадам бо Шумо ҳастем. Ба Шумо кумак хоҳем кард. Ба бозсозии Шумо кумак хоҳем кард. Имрӯз, фардо ва рӯзи дигар аз Шумо ҳимоят хоҳем кард."

Як нашрияи чопи Ҳюстон бо такя ба қавли мақомот навишт, ки теъдоди қурбониёни селу тӯфон дар шаҳр ба панҷоҳ нафар расидааст. 43 ҳазор нафари дигар дар ҷойҳои амн дар хаймаҳо ба сар мебаранд.

Кохи Сафед аз Конгресс хостааст, ки ҳамчун ёрии аввалия барои ба по рост шудани осебдидагони селу тӯфон 7,85 миллиард доллар ҷудо кунад.

"Ҳарвей" шадидтарин тӯфони 12 соли ахир дар қаламрави Амрико номбар мешавад. Ҳавошиносон "Ҳарвей"-ро бо тӯфони "Катрин" баробар мекунанд, ки соли 2005 дар Орлеани Нав 1 800 нафарро кушта бар ҷой гузошт.

XS
SM
MD
LG