Пайвандҳои дастрасӣ

Гуфтугӯи телефонии Доналд Трамп бо Нурсултон Назарбоев


Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико ва ҳамтои қазоқаш Нурсултон Назарбоев рӯзи 1-уми сентябр телефонӣ гуфтугӯ кардаанд. Дафтари матбуоти президенти Қазоқистон гуфт, ин сӯҳбат бо ташаббуси ҷониби Амрико сурат гирифт.

Бино ба иттилои манбаъ, ду тараф бештар масоили иқтисодиро баррасӣ карда, ба тақвияти ҳамкорӣ дар ин бахш таъкид намудаанд. Дафтари матбуоти Назарбоев мегӯяд, ӯ дар сӯҳбат бо Трамп изҳори умед кардааст, ки муносибати Маскаву Вашингтон ба ҳолати одӣ ё маъмулӣ баргардад.

Кохи Сафед мегӯяд, дар ин сӯҳбат масоили амнияти минтақа низ матраҳ буд. Ба қавли мақомоти Кохи Сафед, Нурсултон Назарбоев аз стратегияи нави маъмурияти Доналд Трамп дар Осиёи Ҷанубӣ, аз ҷумла Афғонистон ҳимоят кардааст. Ин стратегия, ки охири моҳи августи имсол муаррифӣ шуд, тақвияти мубориза бо ҷангҷӯёни Толибон дар Афғонистонро дар назар дорад.

Дар ҳамин ҳол, хабаргузориҳо бо такя ба манобеи худ дар ҳукумати Қазоқистон навиштанд, Доналд Трамп Нурсултон Назарбоевро барои анҷоми як сафари расмӣ ба Вашингтон даъват кардааст. Дафтари матбуоти президенти Қазоқистон низ дар иттилоияи тозаи худ ин хабарро тасдиқ намуд.

Доналд Трамп моҳи декабри соли гузашта дар интихоботи президентии Амрико пирӯз шуд ва барои чаҳор сол раёсати ин ҷумҳуриро бар дӯш гирифт.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG