Пайвандҳои дастрасӣ

Шералӣ Ҷӯраев баъди 20-соли маҳдудият ба саҳнаи калон баргашт


Шералӣ Ҷӯраев

Дар маросими кушоиши Ҷашнвораи байналхалқии мусиқии "Таронаҳои Шарқ", рӯзи 28 август, овозхони мардумии Узбакистон Шералӣ Ҷӯраев таронаи "Дар иди баҳор"-ро суруд.

Ба иттилои яке аз созмондиҳандагони ҷашнвора, ширкати Шералӣ Ҷӯраев дар ин маросим аз соли 1997 мамнуъ буд. Ба гуфтаи манбаъ, ин мамнуъият 20 сол бо идома дошт.

Шералӣ Ҷӯраев, ки аз соли 1993 на танҳо дар телевизион балки дар радио ҳам садояш пахш намешуд, баъди марги Ислом Каримов дубора ба саҳна баргашт.

Шавкат Мирзиёев, президенти кунунииУзбакистон дар маросими кушоиши ёздаҳумин Ҷашнвораи байналмилалии мусиқӣ ширкат кард. Ба ин ҷашнвора беш аз 240 ҳунарманд аз 59 кишвари дунё омадаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG