Пайвандҳои дастрасӣ

Тӯфони "Ҳарвей" таркиши корхонаи кимиёвӣ ногузир мекунад


Бедодгарии тӯфони Ҳарвей дар Ҳюстон

Теъдоди қурбониёни "Ҳарвей" -шадидтарин тӯфони солҳои ахир, ба 31 нафар расид ва бар асари обхезӣ корхонаи кимиёвии ширкати "Akema" дар Ҳюстон метавонад мунфаҷир шавад. Сокиноне, ки дар доираи якуним километр аз корхона зиндагӣ мекунаннд ба ҷойи амн кӯч дода мешаванд. Кормандони ширкат корхонаро комилан тарк карданд.

Биноба изҳороти ин ширкат, бар асари обхезӣ қаламрави корхонаи кимиёвӣ зери об монд ва интиқоли барқ қатъ шуд. Дар натиҷа сохтори хунук нигаҳ доштани маводи тарканда аз кор монд. Сатҳи баланди об ва набуди нерӯи барқ шанси пешгирӣ аз таркишро ба нестӣ овард,- гуфт раҳбари ширкати "Akema".

Ҳарвей" шадидтарин тӯфони 12 соли ахир дар қаламрави ИМА номбар мешавад. То ҳол 31 нафар, асосан бар асари ғарқшавӣ, ҷон бохта ва беш аз 30 ҳазор нафар ба ҷойи амн интиқол ёфтанд. Хисороти молии тӯфон миллиардҳо доллар гуфта мешавад. Ҳавошиносон "Ҳарвей"-ро бо тӯфони "Катрин" баробар мекунанд, ки соли 2005 дар Орлеани Нав 1800 нафарро кушта бар ҷой гузошт.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG