Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кафкӯбии Шавкат Мирзиёев ба таронахонии Ҷӯрабек Муродов. ВИДЕО


Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбакистон

Телевизиони давлатии Узбакистон кафкӯбии раиси ҷумҳури ин кишвар Шавкат Мирзиёев ба сурудхонии Ҷӯрабек Муродов, овозхони шинохтаи тоҷикро намоиш дод. Ҷӯрабек Муродов барои иштирок дар ҷашнвораи “Шарқ тароналари” (Таронаҳои Шарқ) ба Самарқанд рафта ва рӯзи 28-уми август таронаи “Азизи дилам Зулайхо”-ро иҷро намуд.

Ӯ рӯзи 30-юми август аз шаҳри Тошканд дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки кафкӯбии Шавкат Мирзиёев, президенти Узбакистон дар замони сурудхонии ӯ барояш илҳомбахш буд.

Ҷӯрабек Муродов: "Худо ба ҳама инсоф ва адолат диҳад"

Ҷӯрабек Муродов
Ҷӯрабек Муродов

"Кафкӯбии раҳбари давлати ҳамсоя нишони эҳтироми баланд ба санъат аст. Онҷо аз номи давлат, аз номи Тоҷикистон баромад доштем. Вақте дидам, ки Шавкат Мирзиёев кафкӯбӣ мекунад, бисёр хурсанд шудам. Худамро хушбахт медонам, ки раиси ҷумҳури худамон ва ҳам раҳбари кишвари дӯсти мо ба ман эҳтиром мекунад", - афзуд ӯ.

Ҷӯрабек Муродов дар сӯҳбаташ гуфт, ки аз хуб шудани муносибати ду кишвари ҳамсоя бисёр хушҳол аст ва афзуд, "инҷо, дар Узбакистон таронаҳои тоҷикиро дӯст медоранд. Бист сол сафари озодона ба ин кишвари дӯст надоштем. Ҳоло шукри Худо, ки муносибатҳо хуб шуд ва мо рафтуо дорем."

Ин навор аз телевизиони Самарқанд аст:

Ҳоло ду тараф равуо барои шаҳрвандонро осонтар карда, намоишгоҳи саноативу иқтисодӣ ва рӯзҳои фарҳангӣ баргузор менамоянд.

Аз ин пеш, дар оғози моҳи августи имсол низ Шавкат Мирзиёев дар мулоқот бо аҳли зиёи Узбакистон аз ҳунарманди маъруфи тоҷик Ҷӯрабек Муродов ном бурда, аз сухангӯӣ ва овозхонии, ба қавли ӯ, ҳаяҷонангезаш дар маросими бахшида ба садсолагии ҳунарманди машҳур Комилҷон Отаниёзов дар Хоразм тавсиф кард.

Тоҷикистону Узбакистон тӯли беш аз бист соли гузашта муносибати чандон хуби сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ надоштанд. Яхи муносибатҳо баъд аз даргузашти Ислом Каримов, раиси ҷумҳури нахустини Узбакистон, дар моҳи сентябри соли гузашта ва ба қудрат расидани Шавкат Мирзиёев каме об шуд.

Ҳоло ду тараф равуо барои шаҳрвандонро осонтар карда, намоишгоҳи саноативу иқтисодӣ ва рӯзҳои фарҳангӣ баргузор менамоянд.

Шарҳҳоро бинед (22)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG