Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷӯрабек Назрӣ: 70-солагӣ поёни кор нест. ВИДЕО


Ҷӯрабек Назрӣ, олим ва ҳунарманди шинохтаи Тоҷикистон, 70-солагиашро таҷлил кард. Солҳои 70 ва 80-уми асри гузашта ӯ аз маъруфтарин овозхонҳо дониста мешуд, ки бо шеваи хоси овозхонӣ ба ҳунари тоҷик ворид шуд.

Ҷӯрабек Назриев

Ҷӯрабек Назриев Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм карда, сипас, дар мавзӯи ҷойгоҳ ва мақоми Мактабии шерозӣ дар адабиёти форсу тоҷик рисолаи номзадӣ дифоъ намудааст. Чандин сол раёсати Институти мероси хаттӣ ва шарқшиносии Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт. Муддате ҳам дар Афғонистон ба ҳайси тарҷумон кору зиндагӣ кардааст. Аз дӯстони наздики Аҳмад Зоҳир - ҳунарманди маъруфи Афғонистон будааст. Бар изофаи корҳои илмиву тадқиқотӣ Ҷӯрабек Назриев овозхонӣ мекунад.

Ҷӯрабек Муродов, ҳунарманди маъруфи тоҷик, ки аз Хуҷанд ба Душанбе ба табрики ҳамномаш омадааст, фаъолияти ҳудуди 50-солаи Ҷӯрабек Назриро дар саҳна ингуна тавсиф кард: "Бинед, як фарзанди тоҷик, ду бори гарони миллатро бар ду китфаш мегардонад. Дар як китф бори илм ва дар китфи дигар бори фарҳанг."

Ҷӯрабек Назрӣ силсилаи шогирдонеро тарбия намудааст, ки то ҳол дар саҳнаи тоҷик овозхонҳои матраҳ ҳастанд ва маъруфтарини онҳо Ҷамшед Исмоил ва Қурбоналӣ Раҳмон мебошанд. Вай ба ҷуз овозхонӣ, дар доираҳои илмиии кишвар низ соҳиби мақоми хос аст. Ӯ дар Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии Фарҳангистони улум фаъолият мекунад ва ҳамзамон мудирии ганҷинаи дастхатҳоро ба ӯҳда дорад.

Маҳфили таҷлил аз 70-солагии Ҷӯрабек Назрӣ шоми 9 декабр дар театри опера ва балет баргузор шуд.
Маҳфили таҷлил аз 70-солагии Ҷӯрабек Назрӣ шоми 9 декабр дар театри опера ва балет баргузор шуд.

Ҷӯрабек Назрӣ дар рӯзҳои мушкил нигаҳбони ин ганҷина буд ва ба қавли худаш "ранҷ"-и онро низ кашидааст. Ӯро замоне ба ин муттаҳам карданд, ки гӯё дастхатҳои муҳимро фурӯхтааст.

Ҷӯрабек Назрӣ солҳои баъди ҷанги шаҳрвандӣ ба хотири фаъолиятҳои илмӣ, то ҳадде аз саҳнаи овозхонӣ канор рафт, чунки замона ҳузури ӯро дар бахши ҳифзи ёдгориҳои хаттӣ тақозо мекард. Ҷӯрабек Назрии 70-сола ҳанӯз ҳам дар саҳна аз ишқ мегӯяд. Ҳанӯз ҳам осори Хоҷа Ҳофизу Ҳилоливу Рӯдакиву Камол дар тараннуми ишқ аз забони ӯ садо медиҳанд.

Ҷӯрабек таҷлили 70-солагиашро ҷамъбасти фаъолияти эҷодӣ намедонад. Ба гуфтаи ӯ, бо Ҷӯрабек Муродов ва Ҷӯрабек Набиев ба наздикӣ лоиҳаи «Се Ҷӯрабек»-ро пешниҳод мекунанд, ки умедвор аст барои мухлисон тӯҳфаи хубе хоҳад буд.

Гузориши видеоӣ инҷост:

Ҷӯрабек Назрӣ - марди илм ва ҳунар 70-сола шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:33 0:00

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG