Пайвандҳои дастрасӣ

Вазъи аёлати Техас фоҷеабор арзёбӣ гардид. ВИДЕО


Тӯфону сел дар дар аёлати Техаси Амрико, ки ба мизони фоҷеабор наздик мешавад, рӯзҳои оянда метавонад боз ҳам хатарноктар шавад.

Дар шаҳри калонтарини аёлати Техас Ҳюстон бориши борон то 75 сантиметр баланд шудааст. Сабаби боришот тӯфони шадиди Ҳарвей мебошад ва пешгӯӣ мешавад, ки дар ҳафтаи ҷорӣ ду баробар бошиддаттар хоҳад шуд. Рӯзи чорум аст, ки дар Техас бориши шадид идома дорад.

Президент Доналд Трамп дар остонаи боздид аз Техас рӯзи 29-уми август ваъдаи саддарсадии кумак ба мардуми ин аёлатро кард. Ӯ гуфт, Техасро як роҳи тӯлониву сахти барқароршавӣ дар пеш аст ва маъмурияти ӯ омода аст ҳама ёрии заруриро фароҳам орад.

Аёлати Луизианаи ҳамсоя бо ҳамин сабаб чанде пеш ба ҳолати фавқулодда оварда шуд. Дар атрофи Ҳюстон тахминан 2000 нафар наҷот ва ба макони амн кӯч дода шуданд. Дар ин минтақа, ки шабакаи азими метро ва роҳҳои зеризаминӣ дорад, тахминан 6,6 миллион нафар зиндагӣ мекунад. То ҳол ҳалокати ду нафар тасдиқ шудааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG