Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳунармандони ғарбӣ озодии Серебренниковро талаб карданд


Ситораи Ҳолливуд Кейт Бланшет
Ситораи Ҳолливуд Кейт Бланшет

Беш аз 30 шахсияти фарҳангӣ аз кишварҳои мухталиф дар як нома аз раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин талаб карданд, ки ба таъқиби коргардони рус Кирилл Серебренников хотима гузорад.

Муаллифони нома иттиҳоми алайҳи ҳунармандро "машкук" ва ҳабси хонагиии ӯро " меъёри номутаносиб" унвон карданд.

Ҷамъоварии имзоҳо барои ин муроҷиатномаро коргардони олмонӣ Томас Остермайер ташкил кард. Муаллифони нома парвандаи ҷиноиро абзоре номиданд, ки ҳадафаш хомӯш кардани коргардони дар ҷаҳон маъруф аст. Номаро Кейт Бланшет ва Нина Ҳосс низ имзо карданд.

Рӯзи 23 август додгоҳи Басманнии Маскав Кирилл Серебренниковро бо иттиҳоми ташкили сирқати 68 миллион рубл, ки барои "Студия- 7" ҷудо шуда буд, дар ҳабси хонагӣ қарор дод. Ходимони театр, шахсиятҳои ҷамъиятӣ, дар дохил ва аз хориҷи Русия, ба ҳимояи коргардон бархостанд.

XS
SM
MD
LG