Пайвандҳои дастрасӣ

Forbes номи ҳамсарони сарватманди мақомдорони Русияро эълон кард


Тотористон - Рустам Миннихонов ва бонуи аввал Гулсина Миннихонова ҳангоми овоздиҳӣ дар интихоботи Думаи давлатӣ

Соли 2016 ҳамсарони баъзе мақомдорони Русия сад баробар бештар аз шавҳарҳои худ фоида ба даст овардаанд. Чунин аст натиҷаи раддабандии маҷаллаи русиягии Forbes Woman, ки 26 август нашр шуд.

Ба панҷгонаи аввал ҳамсарони аз ҳама сарватманди мақомдорони Русия -ҳамсари президенти Тотористон Гулсина Миннихонова, Олга Богомаз, ҳамсари волии вилояти Брянск ва Екатерина Игнатова, ҳамсари раҳбари "Ростех" Сергей Чемезов шомил шудаанд.

Ба маълумоти Forbes Woman даромади ҳамсари президенти Тотористон дар соли 2016 беш аз 2 мидллиард рубл будааст. Миннихонова раҳбари ширкатест, ки он муҷтамаъи Спа, меҳмонхона, ресторан ва фитнес-клуб дар назди "Кремл"-и Қазонро дар бар мегирад.

Ҷойи дуюмро дар панҷгона Раиса, ҳамсараи депутати Улан-Уде Вадим Бредний соҳиб шудааст. Раиса Бредний мудири омили ширкати "Титан" аст, ба он ҳамсараш раҳбарӣ мекунад. Гурӯҳи "Титан 40 мағозаи хӯрокворӣ, корхонаи коркарди гушт, коргоҳи -қаннодӣ, тарабхона ва як идда муассисаҳои дигарро фаро гирифтааст. Оидоти Раиса Бредний дар соли 2016 қариб 2 миллирд рубл, ё ду баробар бештар аз даромадест, ки шавҳараш доштааст.

Оидоти ҳамсари волии вилояти Брянск, ҳамраиси хоҷагии фермерӣ, Олга Богомаз 240 маротиба бештар аз фоидаест, ки шавҳараш дар ҳисоботи молии солона нишон додааст. Олга Богомаз соли 2015 дар садри бойтарин ҳамсарони мақомот қарор дошт.

Бар пояи қонунҳои Русия, ҳамсарони мақомдорони давлатӣ, бо шумули ҳамсарони волиҳои вилоят, раҳбарони корхонаҳо ва ҳамчунин намояндагони мардумӣ дар порлумон солона аз дориҳои худ гузориш медиҳанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG