Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бритониё дар рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Душанбе саҳм мегирад


Акс аз вебсайти хабаргузории "Ховар" гирифта шудааст
Акс аз вебсайти хабаргузории "Ховар" гирифта шудааст

Департаменти рушди байналмилалии Британияи Кабир тасмим дорад, дар иҷрои Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе то соли 2025 саҳмгузор шавад. Дар ин бора дар ҷараёни мулоқоти ахири шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ ва сафири Бритониё дар Тоҷикистон Ҳю Филпотт мувофиқа ҳосил шудааст.

Мулоқот рӯзи 25 август дар Душанбе баргузор шуд. Масъулони дафтари матбуоти сафорати Британия дар Душанбе дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар ин мулоқот вазъи феълӣ ва дурнамои равобиту ҳамкорӣ миёни шаҳрдории Душанбе ва Британияи Кабир мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.

Дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе низ ин хабарро тасдиқ карда ва гуфт, ки ҷонибҳо ба рушду густариши робитаҳои иқтисодӣ аҳамияти аввалиндараҷа дода, зикр намуданд, ки ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии ҷонибҳо дар марҳилаи рӯ ба тараққӣ қарор дорад. Феълан мушаххас нест, ки барномаи ҳамкориҳои ду ҷониб мушаххасан аз чӣ иборат мешавад ва арзиши ин тарҳ чанд аст.

Сафири Бритониё Ҳю Филпотт бо пахши хабари мулоқоташ бо мири шаҳри Душанбе дар саҳифаи худ дар Фейсбук навишт, ки дар ин мулоқот масоили муфиди марбут ба “бунёди шаҳрҳои ҳушманд” баррасӣ шуд ва аз ҳамкориҳои наздик дар моҳҳои оянда интизороти зиёд дорад.

Шаҳрдории Душанбе рӯзи 1 май эълон кард, ки бо қарори раиси шаҳри Душанбе аз 5 апрели соли ҷорӣ ва бо мақсади банақшагирии стратегии рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе бо ширкати мақомотҳои давлатӣ, сохторҳои тиҷоратӣ, ташкилоти ҷамъиятӣ ва ҳам фаъолони маданӣ барномаи рушди пойтахт то соли 2025 машварат ва таҳия мешавад. Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии пойтахт баъди соли ҷорӣ сари кор омадани Рустами Эмомалӣ, писари калонии президенти Тоҷикистон ба мақоми раиси шаҳри Душанбе пешниҳод шуд.

XS
SM
MD
LG