Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафири Амрико Эронро ба қочоқи силоҳ ба Ҳизбуллоҳ муттаҳам кард


Никкь Ҳейлӣ, намояндаи Амрико дар Созмони Милали Муттаҳид
Никкь Ҳейлӣ, намояндаи Амрико дар Созмони Милали Муттаҳид

Никкӣ Ҳейлӣ, сафири Амрико дар Созмони Милали Муттаҳид, Эронро ба қочоқи силоҳ ба гурӯҳи Ҳизбуллоҳи Лубнон муттаҳам кард. Ҳейлӣ рӯзи 25-уми август аз фармондеҳи нирӯи ҳофизи сулҳи Созмони Милал дар онҷо ба шиддат интиқод кард, ки чаро ин фаъолиятро намебинад.

Сафири Амрико дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк гуфт, аз соли 2006 ба ин тараф ба Ҳизбуллоҳ ба гунаи ғайриқонунӣ силоҳ сарозер шуда, бахши аъзами он тавассути Эрон қочоқ шудааст.

Генерал Майкл Беррӣ, фармондеҳи ҳофизи сулҳи СММ, иттиҳомоти Иёлоти Муттаҳида ва, ҳамин тавр, Исроилро дар мавриди инки Ҳизбуллоҳ ба гунаи ғайриқонунӣ дар ҳоли ҷамъ кардани аслиҳа дар Лубнон аст, рад кардааст.

Эрон ва Ҳизбуллоҳ ҳанӯз дар марвиди ин иттиҳомот шарҳе надодаанд.

Қарор аст, маъмурияти ҳофизи сулҳ, ки шомили 10 ҳазору 500 нирӯ мешавад, ҳафтаи оянда нав гардад.

XS
SM
MD
LG