Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бабри “назоратшаванда” аз Тоҷикистон ба Афғонистон рафт


Ягона бабри барфие, ки аз кайҳон дар Тоҷикистон назорат мешуд, ба қавли мутахассисон, “қаҳр” карда, ба Афғонистон рафтааст. Соли гузашта созмони амрикоии “Пантера” дар ҳамкорӣ бо мақомоти тоҷик барои омӯзиши зиндагии ин ҷонвари нодир дар гардани як бабри барфӣ, ки аз дасти чӯпонҳо озод шуда буд, гарданбанди махсус баста ва ба табиат раҳо карда буд.

Халил Каримов, корманди Академияи илмҳои Тоҷикистон, рӯзи 25-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ду моҳи пеш ин бабр хоки Тоҷикистонро тарк карда, вориди қаламрави Афғонистон шуд. Ҳоло ҳар қадами он назорат мешавад ва дар қаламрави Афғонистон чанд шикори бобарор низ анҷом додааст. Ӯ гуфт, ки бар асоси охирин назорат бабр дар ҳудуди минтақаи Вахони Афғонистон ва наздик ба маҳаллаҳои аҳолинишин қарор дорад.

Ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, қаҳр кардани ин бабри барфӣ нишон аз он аст, ки дар қаламрави Бадахшони Тоҷикситон шумори ин ҷонвари нодир афзоиш ёфтааст ва ин бабри барфии назоратшавандаро аз ҳудуди худ берун кардаанд. Дар Афғонистон, ки шумораи бабри барфӣ хеле кам шудааст, зоҳиран ин бабри назоратшаванда макони зист пайдо кардааст.

“Аз замони дар гарданаш баста шудани гарданбанд барои назорат ӯ дар ҳудуди вилояти Бадахшон аз ҷо ба ҷое ҳаракат мекард. Ҳамаи минтақаҳо аз ҷониби дигар бабрҳо соҳиби шуда буданд ва ӯро роҳ намедоданд. Бори охир рӯдхонаи панҷро убур кард ва ба Афғонистон рафт”, - гуфт Халил Каримов.

Ин табиатшиноси тоҷик мегӯяд, дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ барои афзоиш додани саршумори бабри барфӣ дар Тоҷикистон талош доранд. Соли гузашта, ба гуфтаи ӯ, сокинон ҳангоми ҳуҷум ба чорпоёнашон 5 бабри барфиро куштаанд. Аз ин рӯ, созмони амрикоии “Пантера” ба 25 хонавода дар Бадахшон симтӯр барои пӯшонидани болои бомашонро додааст, то аз ворид шудани ин ҷонвар ба оғилхонаҳояшон ҷилавгирӣ шавад.

Зиманан, ҳоло дар Қирғизистон ҳамоиши ду ҳафтаина барои ҳимоят аз бабри барфӣ ҷараён дорад, ки намояндагони Тоҷикистон низ дар он ширкат мекунанд.

Бабри барфӣ, ки сокинони маҳаллӣ онро “паланги ширмол” низ меноманд, аз нодиртарин ҷонвар аст, ки танҳо дар қаламрави 12 кишвари ҷаҳон зиндагӣ мекунад. Дар Тоҷикистон ҳудуди 300 бабри барфӣ сабт шудааст ва он ҳамчун ҳайвони махсус ҳифзшаванда дар китоби Сурхи Тоҷикистон номнавис шудааст.

XS
SM
MD
LG