Пайвандҳои дастрасӣ

Як тарафдори Немтсов баъди ҳамлаи пурхушунат даргузашт


Иван Скрипниченко дар гӯшаи ёдбуди Немтсов

Як фаъоли ҳуқуқи башар, ки 15 август ҳангоми зиёрати макони қатли Борис Немтсов мавриди ҳамла қарор гирифт, дар бемористон даргузашт. Иван Скрипниченко 23 август - як рӯз баъди он даргузашт, ки барои даври дуюми муолиҷа дар бемористон бистарӣ шуд. Дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ як дӯсташ Андрей Маргулев гуфт, ки ҳамлагар бинии Скрипниченкоро шикаста буд. Вай дар Твиттераш навишт, ки дар макони фоҷеа як фоҷеаи дигар рух дод. Ҳамла дар рӯзи 900-уми ёдбуди собиқ муовини аввали нахуствазир Борис Немтсов сурат гирифт.

Немтсов як мунаққиди шадиди сиёсатҳои президент Владимир Путин буд ва қатли ӯ дар таърихи 27 феврали соли 2015 дар рӯи пули наздик ба Кремлин хеле рамзнок арзёбӣ мешавад. Фаъолон алорағми фишорҳои сиёсӣ, дар макони қатли Немтсов як гӯшаи ёдбуд ташкил карданд. Ҳамлагарон ҳар сари чанд ин гӯшаро хароб мекунанд. Моҳи июл додгоҳе дар Маскав панҷ марди чечентаборро барои куштори Немтсов маҳкум ба зиндон кард, вале наздикони сиёсатмадор бовар доранд, ки амри анҷоми ин ҷиноятро нафари дигар додааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG