Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як раҳбари ширкати Samsung бо айби фасодкорӣ 5 сол зиндонӣ шуд


Ли Чжэ Ён дар додгоҳ
Ли Чжэ Ён дар додгоҳ

Додгоҳи Куриёи Ҷанубӣ ноиби президенти ширкати Samsung Ли Чжэ Ёнро бо ҷурми фасодкорӣ ба панҷ соли зиндон маҳкум кард. Ли Чжэ Ён ба додани пора ба президенти пешини кишвар муттаҳам мешуд.

Ён худро гунаҳкор намедонад ва мегӯяд, ки ба шавҳари президенти пешин ихтиёран кумак кард.

Президенти пешини Куриёи Ҷанубӣ Пак Кин Хе миёнаҳои моҳи марти соли ҷорӣ аз мақом барканор шуд. Ӯро бо айби фасодкорӣ, берун рафтан аз ҳадди ваколатҳои хизматӣ ва ошкор кардани сирри давлатӣ зиндонӣ карданд. Як қисми айбҳо ба ҳамсари президент рабт мегиранд. Моҳи июн додгоҳ ҳамсари президентробо ҷурми дарёфти имтиёзҳо аз роҳбари давлат се сол зиндонӣ кард.

Бино бар иттилои тафтишот,ҳамсари президент ширкатҳои Куриёи Ҷанубӣ, аз ҷумла Samsung-ро маҷбур кардааст, ки ба бунёди ӯ миллионҳо доллар хайр кунанд. Тафтишот мегӯяд, Пак Кин Хен аз фасодкории шавҳараш огоҳӣ дошт.

XS
SM
MD
LG