Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гумонбари дуюми ҳамлаи Барселонаро озод карданд


Саҳнаи ҳамлаи террористӣ дар Барселона.17 августи соли 2017
Саҳнаи ҳамлаи террористӣ дар Барселона.17 августи соли 2017

Додгоҳи Испания рӯзи 24-уми август аз чаҳор гумонбари ҳамлаи террористии рӯзи 17-уми август дар Барселона боз як нафарро бинобар наёфтани исботи гуноҳаш аз боздошт озод кард. Шиносномаи ин нафар мусодира мешавад ва худи ӯ муваззаф хоҳад буд, ки то анҷоми таҳқиқи қазия ҳар ҳафта дар додгоҳ сабтином шавад.

Боздоштшуда Сал Ал-Қариб дар як қаҳвахонаи шаҳри Риполи Каталония кор мекард. Ба маълумоти пулис, гурӯҳи тундгарои масъули ҳамлаи террористӣ маҳз дар ҳамин ҷо таъсис ёфт. Корманди қаҳвахона дар ҳоле мавриди шубҳа қарор гирифт, ки барои баъзе аъзои гурӯҳ билети ҳавопаймо харид.

Амали террористии Барселона рӯзи 17 август замоне рух дод, ки мошини боркаш бо суръати баланд ба рӯи пиёгардҳои кӯчаи серодам ҳаракат кард. Дар ин ҳодиса 15 нафар ба ҳалокат расид ва беш аз 100 тани дигар захмӣ шуд. Масъулияти ҳамларо гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ" бар дӯш гирифт. Ба маълумоти пулиси Испания, амали террористиро 12 нафар омода кард. Онҳо мехостанд машҳӯртарин макони тамошои Барселона - калисои Sagada Familia -ро мунфаҷир кунанд.

XS
SM
MD
LG