Пайвандҳои дастрасӣ

Мэттис: Русия масъулияташро бар баробари қарордоди Минск иҷро намекунад


Ҷим Мэттис, Петро Порошенко ва Юрий Лутсенко

Дар Киев гуфтушуниди раиси ҷумҳури Украина Петро Порошенко ва раҳбари Пентагон Ҷеймс Мэттис ба поён расид. Мэттис барои иштирок дар ҷашни Рӯзи Истиқлолияти Украина ба Киев омад.

Раҳбари Пентагон баъди музокирот бо Порошенко гуфт, ки Маскав тааҳудашро дар баробари созишномаи Минск иҷро намекунад ва талош дорад марзҳои як кишвари мустақилро таъғир диҳад. Мэттис ҳамчунин гуфт, ки Вашингтон масъалаи таъмини Украина бо силоҳҳои ҷангиро мавриди баррасӣ қарор додааст.

Мэттис омодагиашро барои кӯмак дар ҳалли дипломатии низои Шарқи Украина баён дошт. Дар мулоқоти ӯ бо Порошенко масъалаи фиристодани миссияи мусаллаҳи Созмони Милали Муттаҳид ба Украина низ матраҳ буд.

Порошенко музокироти рӯзи панҷшанбе бо Ҷейм Мэттисро моҳи июн, дар ҷараёни сафараш ба Вашингтон барномарезӣ кард. Дар тули 10 соли ахир ин аввалин сафари вазири дифои Амрико ба Украина аст. Порошенко ин сафарро барои таҳкими зарфияти дифоии Украина муҳим мешуморад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG