Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Дождь": "виллаи Шерлок Холмс ба дӯстони Путин таалуқ дорад"


Наворе аз филми "Шерлок Холмс"
Наворе аз филми "Шерлок Холмс"

Дар ҷазираи Лодочнии вилояти Ленинград барои истироҳати Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, қароргоҳ бунёд карданд. Дар ин бора шабакаи телевизионии "Дождь" рӯзи 24 август бо такя ба манбаҳои наздик ба маъмурияти ноҳияи Виборг ва сокинони маҳаллӣ гузориш дод.

Ба гуфтаи "Дождь" Владимир Путин дастикам як дафъа дар ин қароргоҳ, ки дар қаламрави виллаи қадимии Селгрен бунёд шудааст, истироҳат кард. Вилла мероси фарҳангӣ буда, соли 1913 бунёд ёфтааст. Ин бино баъди навогирии филми "Шерлок Холм" дар он шинохта шуд.

Сокинони маҳаллӣ мегӯянд, ки то соли 2010 мазраъа ва вилла дар ҳоли шикасту рехтан қарор доштанд, аммо баъдан дар ин қаламрав сохтмони густарда оғоз шуд ва роҳи убур аз канори вилларо бастанд.

Ба маълумоти "Росреестр" тамоми сохтмони атрофи қароргоҳи эҳтимолӣ ба ширкати "Север" таалуқ дорад. Соҳибмулки он то соли 2014 Олег Руднов буд, ки аз "дӯстони қадимӣ"- и Путин ҳисоб мешуд. Баъди марги Руднов дар соли 2015, ин мавзеъро писараш Сергей Руднов ба мерос гирифт. Олег Руднов бо бонки "Россия" ҳамкорӣ мекард, ки бар пояи "авроқи Панама", нафарони наздик ба Путин $2 миллиардро тавассути ҳамин банк аз Русия ба офшор бурданд.

XS
SM
MD
LG