Мақомоти Туркманистон тасмим доранд, ки сар аз 1 сентябри соли равон ҳаракати нақлиётро дар роҳҳои шаҳри Ишқобод, пойтахти ин кишвар якбора маҳдуд кунанд.
Ба гуфтаи як манбаъ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ин маҳдудият дар робита ба Бозиҳои осиёӣ ҷорӣ хоҳад шуд. Якбора 2 манбаъ гуфтанд, ки маҳдудияти мазкур ба мошинҳои дорои рақамҳои вилоятӣ ва шаҳрии хусусӣ дахл хоҳад дошт.
Мақомоти Туркманистон алакай чанд моҳ аст, вуруди мошинҳои хусусии вилоятиро ба Ишқобод манъ кардаанд ва ҳаракат дар роҳҳои пойтахти ин кишвар низ якбора кам шудааст.
"Намедонам, ишқободиҳо чи гуна равуо хоҳанд кард. Аммо дастур шудааст, ки шумори нақлиётҳои ҷамъиятӣ афзоиш дода шавад", - гуфт ҳамсуҳбати мо.
Сокинони Ишқобод мегӯянд, дар пайи тасмими маҳдуд кардани ҳаракати мошинҳои хусусӣ арзиши хидматрасонии таксиҳо дар пойтахти Туркманистон якбора боло рафтааст.
Аз эҳтимоли маҳдуд шудани ҳаракат дар роҳҳои Ишқобод баъди даврзадани навбатии президент Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар осмони пойтахти Туркманистон бо чархбол хабар дода шуд.
Бердимуҳаммадов 22 август бори дигар бо чархбол дар осмони Ишқобод давр зада, дастур додааст, ки ҳаракат дар роҳҳои пойтахтро ба танзим дароранд.
5-умин Бозиҳои осиёӣ аз 17 то 27 сентябри соли равон дар Туркманистон баргузор хоҳанд шуд.