Дар шаҳри Мурмански Русия алайҳи шаҳрванди 32-солаи Тоҷикистон, ки ба таври муваққат дар Заполяре ё Қутби Шимоли ин кишвар ба сар мебарад, бо айбномаи “ифротгароӣ” парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Нисбати ин мард бар асоси моддаҳои “даъвати ошкор барои фаъолияти экстремистӣ”, “барангехтани амалҳои душманӣ ва инсонбадбинӣ, паст задани шаъну шарафи инсон” парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Ксения Кошелюк, ёрдамчии калони раҳбари минтақавии Кумитаи Бозрасии Русия ба хабарнигорон гуфтааст, гумонбаршуда аз моҳи апрели соли гузашта дар шабакаи иҷтимоии “ВКонтакте” наворҳои видиоеро ҷой додааст, ки дар онҳо ба амалҳои зӯроварӣ алайҳи гурӯҳҳои одамон адёни дигар даъват шудааст. Ҳоло ин фарди гумонбаршуда аз ҳаққи хуруҷ аз шаҳр марҳум шуда, нисбати ӯ корҳои тафтишотӣ идома доштааст.
Мушаххасоти дигари марбут ба гумонбар дар даст нест, ҳамчунон маълум нест, ки то куҷо ин шахс аз рӯи иттиҳомоти ворида худро гунаҳгор эътироф мекунад.