Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвандаи ҷиноӣ зидди президенти пешини Лаҳистон Лех Валенса


Дар Лаҳистон зидди барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел ва президенти пешини ин кишвар Лех Валенса парвандаи ҷиноӣ кушода шуд. Ӯро дар додани шоҳидии бардурӯғ айбдор мекунанд. Вай гӯё ҳамкориашро бо мақомоти махсуси комунистӣ дар солҳои 70-ум пинҳон кардааст.

Иттилоъ дар бораи он ки Валенса бо мақомоти амниятии Ҷумҳурии мардумии Лаҳистон бо номи мустаори "Болек" ҳамкорӣ дошт, соли 2008 расонаӣ гардид.

Аммо нахустин айбҳои расмӣ нисбати президенти пешин моҳи феврали соли гузашта эълон шуданд. Он замон дар манзили раиси пешини хадамоти амнияти кишвар Чеслав Кишак лифофаи дорои чанд ҳуҷҷат пайдо гардид. Онҳо мутааллиқ ба агенте бо номи "Болек" буда, ба солҳои 1970-1976 рабт доштанд.

Пажуҳишгарони Донишкадаи ташхиси судии Краков ба парванда ҷалб шуданд. Пажуҳишгарон собит карданд, ки ҳуҷҷатҳо ба президент тааллуқ доранд. Додситон Анҷей Позорский тасдиқ кард, ки имзои президент барои ҳамкорӣ аз 21 декабри соли 1970 ва 17 санади дигар барои дарёфти маблағ дар ивази расонидани иттилоъ воқеӣ ҳастанд. Ин санадҳо собит мекунанд, ки Валенса ба таври махфиёна ба комунистон хабар мерасонид.

Худи Валенса дар бораи ҳамкориҳояш бо мақомоти махсус хомӯшӣ ихтиёр карда буд ва ҳангоме, ки тафтиш шуруъ шуд, гуфт, ҳуҷҷатҳои пайдошуда тақаллубӣ ҳастанд. Айбнома дар бораи хабаррасониро вай қассоси рақибонаш медонад.​

XS
SM
MD
LG